Муҳофизи асосӣ: Аз қумандонӣ ба ободгарӣ

(Суҳбат бо собиқ қумандон Ҳаким Қаландаров)

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирўз Ҳаким Қаландаров қумандон буд, ҳоло даст ба ободии Ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ўро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипарварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшўиву хонасозӣ пайдо мешавад. Мо ўро дар бинои хуштарҳе сари дастархони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гўшти гўсфанду гову заргўш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ў буданд. Фосила аз дастархони пурнозу неъмат аз он дастархони дирўз холӣ низ як қадам аст. ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рўдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ў мепурсам:

- Ин хонаи Шумост?

Ӯ табассум мекунад, ба аҳли гирди дастархон менигарад ва мегўяд:

-Тамоми Тоҷикистон хонаи ман аст.

Суҳбати мо аз ободкориҳои Ҳаким Қаландаров то ба домони сарнавишти талхи дирўзи тоҷикон мекашад.

- Чӣ гуна муяссар гашт, ки Шумо силоҳро гўшае гузореду даст ба ободкорӣ бизанед?

- Оини ватандорӣ инро тақозо дорад, - мегўяд ў ва идома медиҳад. - Оқибати ҷанг сулҳ аст, агар сад сол ҳам давом кунад. Ман дар миёни неруҳои мухолифини тоҷик қумондони бонуфуз, одами наздики устод Нурӣ будам. Он чизе, ки ман медонам, шояд кам касе донад. Агар он ҷанг идома меёфт, на тоҷик мемонду на Тоҷикистон, Ироқу Сурия мешудем. Инро устод Нурӣ, ки ҳамеша бо ман машварат мекард ва дар рўзҳои сахт барояш муттако будам, борҳо гуфта буд.

- Пас Шумо шоҳиди бастани сулҳ аз рўзҳои аввал будед?

- Бале. Рўзе, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Фархори Афғонистон гуфтушунид доштанд, ман аз ҷумлаи муҳофизони онҳо будам.

- Мегўянд, ки бисёре аз қумандонҳо мухолифи сулҳ буданд, магар Шумо аз он ҷумла набудед?

- Ман дар мавқеи устод Нурӣ қарор доштам. Вай моил ба сулҳ буд. Аммо касоне буданд, ки сулҳ бар манфиаташон набуд. Албатта, ин кор бе мудохилаи кишварҳои хориҷӣ намешуд. Аммо дар мулоқоти Теҳрон Нурӣ ба ин масъала нуқта гузошт. Он рўзҳо нияти ҳаҷ рафтан доштам. Бо ҳавопаймои ҳарбии Эрон аз Қундуз ба Эрон парвоз кардам. Дар ҳавопаймо ман ва сафири Эрон будем. Он вақт Эрон ягона кишваре буд, ки дар Тахор намояндагии расмӣ дошт, Кобул дар дасти ҳаракати иртиҷоии "Толибон" буд. Дар Теҳрон ҳуҷҷатҳоямро барои ҳаҷ кардан омода сохтам. То сафар ду рўз монда буд, ки Нурӣ маро наздаш даъват кард.

 – Ҳаҷ намеравӣ, - гуфт.

- Барои чӣ? – пурсидам.

- Инҳо маро барои “разбор” даъват карданд, ту бояд дар паҳлўи ман бошӣ ва баъзе гапҳое ҳаст, ки бояд онҳоро ошкор намоӣ. Тоҷикистон ки рафтем, баъд ба ҳаҷ меравӣ.

Ман розӣ шудам. Устод маро ба маҷлис омода сохт, баъзе сиру асрори муллоҳоро гуфт. Аммо таъкид кард, ки онҳо дипломат ҳастанд, дағал гап назанам. Мулоқот шом дар хонаи устод Тўраҷонзода баргузор гашт. Муллоҳо Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, раиси «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон», як намояндаи Ҳизби демократ, раиси муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, ҷурналист Олег Панфилов, Мулло Амриддин ва дигарон ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон “халос” кардааст, неруҳои мухолифин дар ҷабҳа муваффақ мебошанд. Пешниҳод карданд, ки ҳамаро ба ҷиҳод даъват кунем. Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд. Устод Нурӣ гуфт, ки «мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид мешавем?».

Ман чанд бор даст бардоштам, ки гап занам, аммо сухан надоданд. Насиҳати устод Нурӣ аз гўшам рафт, боғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бораи кадом ҷиҳод гап мезанед, ҳама мусулмон, намозхон, шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлў зада, роҳат доред. Аз онҳо пурсидам, ки фарзанд, наздикони кадомат дар ҷабҳаанд? Агар ҷиҳод мехоҳед, биёед, граната ба миёнатон бандед, худатонро бо танк тарконед. Хомўшӣ ҳукмфармо гардид. Олег Панфилов бо қаҳр аз маҷлис баромад. Ниҳоят сухан ба устод Нурӣ расид. Вай гуфт, ки ҷиҳод ҷойи худро дорад, халқро гирифта, ба Тоҷикистон мебарем, тоҷиккушӣ бас аст, мусулмонҳоро муттаҳид месозем.

- Кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг пул ҷудо мекарданд, аммо мухолифати тоҷикон ниҳоят бо сулҳ анҷомид. Магар ин оқибат надошт?

-Оқибат дошт. Пули сурупа гирифтан ҷавоб ҳам дорад. Як вақт устод Нурӣ пинҳонӣ ба ман гуфт, ки Эрон ўро ба “разбор” даъват кардааст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабаб он пулҳое, ки дар вақташ ба мо ҷудо карда буданд. Ман гуфтам, ки ту пулҳоро ба гурезаҳою мо, муҷоҳидон додӣ, барояшон ҳамин хел ҷавоб гўй. Дигар бечора касал шуду ман ҳам дида натавонистам пурсам, ки ҳамон “разбор” чӣ шуд.

- Шумо муҷоҳид, қумандон будед. Магар ин мушкилот назди Шумо пеш наомад?

- Мо мустақим бо пул кор надоштем. Халта-халта ошкору ниҳон долларҳоро роҳбарони мо мегирифтанд ва баъд қисман ба мо медоданд. Агар пурсише буд, онҳо ҷавоб доданд. Вале мо сулҳ кардем, ин бурди калон буд. Боре Кабирӣ назди ман омад, пул овард - се ҳазор доллар. Гуфтам, ки ба пули шумо, ҳаромхўрҳо эҳтиёҷ надорам. Ман кор мекунам, заҳмат мекашам, пул меёбам. Аммо фикри онҳоеро, ки барои шумо шуда ҷон доданд, накардед. Занҳошон бева, фарзандонашон ятим монданд, метавонистед 50 - 100 долларӣ ба онҳо диҳед, ки рўзгузарониашон шавад. Ин пули туро ман ба кадом яки онҳо диҳам? Ҳоло пул меорӣ, пулат ба ман лозим нест. Равед, ман бо шумо нестам, будан ҳам намехоҳам. Ин сун, ун сун гуфт. Гуфтам ин сун, ун сун нест. Ту мехоҳӣ, ки муттаҳид бошем? Аввал, биё, аз рўзи аввал ин ноҳақиҳо, нобаробариҳоро баробар кунем, баъд он сунаша мебинем. Агар ту мегўӣ, ки пагоҳ хезем ҷанг кунем, ҷанг барои чӣ мекунем? Ҷиҳод мегўӣ? Ҷиҳод барои чӣ мешавад? Ҳама тинҷ, масҷидҳо обод, дар ноҳияи Панҷ панҷ масҷиди ҷумъахонӣ, ҳар деҳа масҷид дорад. Охири гап хеста рафтам. Гуфтам, ки бачаҳои мо дар Русия ҳастанд. Касе, ки гапи маро мегирад, намегузорам, ки бо шумо бошад. Худо аз дасти беадолатии шумо баракатро гирифт. Ҳама дарбадар шуданд. Ман шахсан Кабириро тарафдорӣ ҳам намекунам, ба гапаш ҳам намеравам. Аз ҳама командирҳои бонуфузу ҷанг кардагӣ мо, бачаҳои Панҷ ҳастем. Вақте ки роҳбар шуд, баъзе беадолатиҳои кардаи ўро дида, аз вай дур шудем.

- Шумо дар бораи кадом беадолатиҳо мегўед?

- Магар фаромўш кардани зану фарзандони муҷоҳидине, ки ба гапи онҳо бовар карда, қурбон шуданд, маҷрўҳанд, беадолатӣ нест? Замоне буд, ки онҳо ба як бурда нон зор шуданд, аммо роҳбарони ҲНИТ танҳо дар ғами худ буданд. Худованд ҳамин Ҷаноби Олиро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ҳама бечораю сағираю бепарасторро нон медиҳад. Ба мардум замин додааст, як бурда нонашонро ёфта мехўранд. Дуои ҳамин сағираю кабира ба кораш баракат медиҳад. Кабирию ҳаммаслаконаш баръакс, ба корҳои дигар машғуланд. Агар Кабирӣ баақл, бафарҳанг мебуд, ҳизб пароканда намешуд. Баъд, дар доираи давлатдорӣ натавонист худро идора кунад. Дарбадар шуд, дигаронро ҳам сарсон кард. Оқибати кори ноҳақ ҳамин аст.

- Шумо гумон мекунед, ки ў ва ҲНИТ танҳоянд, пушту паноҳ надоранд, дастгирӣ намеёбанд?

- Не. Дигар кӣ ҳаст?

- Масалан, Шумо.

- Онҳоро Худованд шарманда сохт, дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад. Агар ман онҳоро дастгирӣ мекардам, ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷӣ Ҳалим такя намекарданд, маро даъват мекарданд. Чунки ман қумандони разманда будам. Дар ҷанг на ҳоҷӣ Ҳалим буд, на Кабирӣ. Бо онҳо будан намехоҳам, намехоҳам, ки дубора Ватанам ба хоку хун олуда шавад.

- ҲНИТ, тавре ки расонаҳо менависанд, аз пуштибонии Эрон бархўрдор аст.

- Шояд. Аммо тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз бар манфиати Эрон нест.

 Ин ҷанге, ки меравад, мазҳабӣ, ҷанги Эрону Араб аст. Вақте ки мавзўи интихоби арабу форс меояд, дар рўзи сахтӣ араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддом Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби доро он замон мепурсанд, ки дар ин ҷанг чаро Саддоми кофирро пуштибонӣ мекунию шиаҳои эрониро не. Медонед, дар ҷавоб чӣ мегўяд? Мегўяд, ки “Саддом араб асту шиа эронӣ”. Хулоса, ман араб ҳастам, арабро дастгирӣ мекунам. Бубин, аввал миллатро мегузорад, баъд дину мазҳабро. Мо бо мардуми Эрон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.

Ман дипломат нестам. Ман қумандон ва шоҳиди ин ҳама бадбахтиҳоям, ки ба сари мардуми тоҷик омада буд ва намехоҳам, ки он дубора такрор ёбад. Дар Тоҷикистон такя ба мазҳаб кардан оқибатҳои ногувор дорад. Мардуме, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, инро ҳаргиз қабул надоранд. Роҳбарияти Эрон ҳам шояд асли воқеиятро надонад. Шояд қувваҳое бошанд, ки ба хотири манфиатҳо ва фош нашудани ҳисоботи беасосашон ба роҳбари аввал маълумоти нодуруст диҳанд.

- Пас Эрон метавонад аз пуштибонии ҲНИТ даст кашад?

- Албатта, метавонад. Агар хоҳад, ки муносибаташ бо Тоҷикистон нағз шавад, дар ин минтақа такягоҳе дошта бошад, ин корро мекунад. Барои ин бояд аз самти мазҳабӣ даст кашад ва рўй ба забону фарҳанги муштарак орад. Мардуми Тоҷикистон Эронро форсзабон гуфта, эътироф мекунад. Аммо дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас эътирофашон намекунад. Эрон чораи дигар надорад. Ман мактаби Аҳмадшоҳи Масъудро гузаштаам ва вазъиятро хуб медонам. Агар дар Афғонистон Эрон такя ба забону фарҳанг мекард, вазъ дар ин кишвар ба ин ҳолат намерасид. Эронро танҳо тоҷикон метавонанд дастгирӣ кунанд. Ҳеҷ арабе дар ҳолати сахтӣ Эронро дастгирӣ намекунад.

Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, чун дар Афғонистон даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нест кардани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану куштани мусулмонҳост. Ҳизби исломиро бо ҳизби исломӣ ҷанг меандозанд, бо пули мусулмон мусулмонкушӣ мекунанд.

Эрон як кишвари бузург аст ва бояд дарк кунад, ки дар Тоҷикистон дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас онро эътироф намекунад. Ягона воситаи боэътимоди ба ҳам омадан забону фарҳанг аст.

- Чаро Шумо инро ба дўстони эронӣ намегўед?

- Як ҳодисаро мегўям. Боре устод Нурӣ гуфт, ки Эрон қарзи бефоиз медиҳад. Ба ў гуфтам, ки намешавад бигўӣ, ки ба ман 200-300 ҳазор қарз диҳад, ки соҳибкорӣ кунам. Устод гуфт, ки пулро биёранд, туро даъват мекунам. Ба хонаи Нурӣ ду эронӣ омаданд. Чой хўрдем. Устод гуфт, ки камтар пул барои тиҷорати ман диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки устод, агар ду рўз пеш мегуфтӣ, медодем. Ҳама пулҳоро додем. Пурсид, ки ба кӣ додед? Як миллион доллар ба ҳоҷӣ Ҳалим додем, гуфтанд. Устод нороҳат шуд ва пурсид, ки чаро ба ҳоҷӣ Ҳалим додед, маслиҳат шуда буд, ки 50 – 100 ҳазор долларӣ ба командирҳо тақсим мекунем, ки дар тиҷорату деҳқонӣ истифода кунанд. Ман қаҳр карда, аз Душанбе ба Панҷ омада будам. Нурӣ одам фиристод, нарафтам. Худаш омад. Маро, - гуфт, Президент фиристод, ки туро командир монем. Назди Ҷаноби Олӣ рафтем. Маро дар Қўшунҳои сарҳадӣ муовин монданд. Баъди ҳамин муносибати ман бо эрониҳо канда шуд.

Эрон кишвари бузург аст, бояд чуқур таҳлил мекард, аз кори ҳоҷӣ Ҳалим хулоса мебаровард. Ӯ дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда, мусаллаҳ карда буд. Онҳо, вақте ки мақсад ҷанг буданашро фаҳмиданд, раҳораҳ то Ромит силоҳҳоро партофта, ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ 14 нафар монд. Мардум бо Ҳукумат, мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ карданд, ҷои пинҳоншудаи ҳоҷӣ Ҳалимро хабар доданд. Мардуми моро акнун фиреб додан душвор аст.

- Шумо вазъи сарҳадро хуб медонед, хатар аз ҷониби ДИИШ ба Тоҷикистон ҷой дорад?

- Хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо бовар дорам, ки чунин намешавад. Зеро, Тоҷикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як Афғонистони дигар шавад. Мақсади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Русия аст. Онҳо мехоҳанд, ки нооромӣ то сарҳади Русия равад. Дар Афғонистон ўзбекҳои муҷоҳид ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҷумъабою, Қорӣ Тоҳиру дигарон аз 10 ҳазор зиёд қувва доштанд. Кўдаки ҳамон вақт таваллудшуда имрўз 17-сола шуд. Фаҳмидам, ки аз бачаҳои Ҷумъабой ҳам аз зани ўзбӯкаш, ҳам аз зани язғуломиаш қумандон шудаанд. Барои ҳамин давлатҳои ҳамсояи мо дар ин мубориза бояд бо ҳам муттаҳид бошанд. Ин роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар минтақа аст.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Фараҷ”,
№ 50 (576), 13.12.2017 с.

Add comment


Security code
Refresh