Қонуни миллӣ: Риояи он барои ҳама ҳатмист!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни танзим зикр намуданд: “Таҷрибаи даҳсола собит менамояд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад”.

Дар ин замина лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод гардид. Санаи 23-юми августи соли 2017 дар Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум ин тағйиру иловаҳо аз ҷониби вакилон маъқул дониста шуда, 28-уми август аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ гардида, баъди имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интишори расмӣ, аз 29-уми август ба қувваи қонунӣ даромад.

Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни танзим аз рўи талабу дархости шаҳрвандони кишвар ва ҳанўз боқӣ мондани маросимҳои нозарури азодорӣ, гузаронидани тўю маъракаҳо бо сарфи баризофа ба миён омадааст. Вобаста ба ин масъала, бо супориши Пешвои миллат фикру дархостҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, олимон, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма гирд оварда шуданд. Маълум гардид, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ такмилбахши воситаҳои ҳуқуқии таъсиррасонии ҷашну маъракаҳо буда, боз ҳам сабуктар намудани онҳоро ҷонибдоранд.

Дар асоси дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон такмили меъёрҳои қонун дар самти танзими маъракаи хатнасур, маросими азодорӣ, пешгирии хароҷоти зиёдатӣ дар чорабиниҳои оилавӣ, таҳким бахшидани вазифаҳои комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, пурзўр намудани ҷавобгарии ҳуқуқии вайронкунандагони қонун, бахусус шахсони мансабдор, кам кардани забҳи чорво масъалагузорӣ гардида, ба моддаҳои дахлдори Қонун тағйиру иловаҳо пешниҳод шуданд.

Дар моддаи 9-и Қонуни танзим тартиби нави гузаронидани маъракаи хатнасур зикр шудааст, ки он минбаъд дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Тартиби нави баргузории хатнасур, ки бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагии мардум пешбинӣ гардидааст, аз тарафи шаҳрвандон ҳаматарафа пазируфта шудааст.

Раванди баргузории маросими дафну азодорӣ низ дар моддаи 11-и Қонун такмил дода шудааст. Минбаъд маросими дафну азодорӣ, аз қабили “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд.

Маъракаи “ҳоҷизиёрат” дар моддаи 12-и Қонун манъ карда шуда, меъёри нав вобаста ба ваколатдор намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра илова мешавад.

Моддаи 14-и Қонуни танзим масъалаҳои бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тўйхонаҳоро ба танзим медароранд. Дар ин маврид масъулияти роҳбарони онҳо баробари соҳиби маърака вобаста ба назорати шумораи даъватшудагон ва вақти баргузорӣ таъкид гардидааст.

Дар баробари ин, мувофиқи тағйиру иловаҳои ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ҷавобгарии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пурзўр ва ҷавобгарии соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин низ пешбинӣ шудааст.

Санҷишҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ асосан зимни гузаронидани тўю маъракаҳои домодию арўсӣ, хатнасур, зодрўз, домодталабон, дафну азодорӣ, вайрон кардани вақт ва бо теъдоди зиёди иштирокчиён, бидуни шартномаи хизматрасонӣ гузаронидани тўю маъракаҳо, бо истифодаи бештар аз 4 мошини сабукрав, ба қонуншиканиҳо даст задаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Зафаробод, Шаҳристон ва Ашт бархе аз шахсон берун аз доираи оила дар тарабхонаву чойхонаҳо зодрўзи худро ҷашн гирифтаанд, ки онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъзе аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади пинҳон намудани кирдори ҳуқуқвайронкунии худ бо баҳонаи маъракаи тўйи домодию арўсӣ ва ё хатнасур маросими домодталабонро дар тарабхона бо теъдоди зиёди иштирокчиён гузаронидаанд.

Дар шаҳрҳои Панҷакент ва Истаравшан ҳолатҳои баргузории тўйи домодию арўсӣ ва хатнасур давоми ду рўз паиҳам бо шумораи зиёди иштирокчиён ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Дар баъзе корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Шаҳристон комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис надодаанд.

Ҳангоми санҷиш ҳолатҳои баргузории маросими қайди давлатии ақди никоҳ бо истифодаи бештар аз 4 мошинаи сабукрав дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Зафаробод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Панҷакент, Гулистон, Спитамен ошкор гардида, қонунвайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Зимни санҷиш ҳолатҳои аз ҷониби ҳофизон набастани шартномаи хизматрасонӣ дар тўю маъракаҳо ошкор гардиданд. Нисбат ба шахсони гунаҳкор бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.

Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни зикргардида дар ҳудуди вилоят 14 ҳолати қонунвайронкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Истаравшан, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардиданд.

Масалан, 30 сентябри соли 2017 соҳибкори инфиродӣ М. Деҳқонова ҳамчун роҳбари тарабхонаи “Муроду мақсад”-и шаҳри Конибодом бархилофи талаботи сархати 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои гузаронидани оши тўйи шаҳрванд М.Бобоҷонова бо теъдоди зиёда аз 200 нафар меҳмон иҷозат додааст. Аз ҷониби прокурори шаҳри Конибодом нисбат ба роҳбари тарабхона бо қисми 2 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба соҳибмаърака бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол шуд.

Инчунин, С.Бобохонов - сокини ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати деҳоти Оббурдон, бархилофи талаботи моддаи 9 қисми 4-и Қонуни номбурда амал карда, 10 сентябри соли 2017 дар бошишгоҳи саҳроии Хоҷагии деҳқонии ба номи Хуршед маъракаи “ақиқа”-и набераашро бо иштироки беш аз 50 нафар меҳмон баргузор намуд.

13 сентябри соли равон аз ҷониби прокурори ноҳияи Мастчоҳ нисбат ба С. Бобохонов бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз намуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Мастчоҳ ирсол шуд.

Бояд зикр намуд, ки роҷеъ ба натиҷаи санҷишҳои гузаронида баҳри фавран бартараф кардани ҳолатҳои қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ба унвони раисони шаҳру ноҳия ва мақомоти ваколатдор 109 пешниҳод ва 55 амр ирсол карда, бо қарорҳои прокуророн 178 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 144 шахси мансабдори мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, ба 3 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда, бекор карда шудаанд.

Қонуни миллии танзим заминаҳои иҷтимоии миллати солимро гузошта, устувор мегардонад. Аз ин рў, риояи он барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Фирдавс Ҳусейнзода,
прокурори шуъбаи назорати умумии
Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи
дараҷаи III
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh