Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд

Имрӯз, 13 январ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд маросими муаррифии Раиси вилоят баргузор гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифаи Раиси вилояти Суғд озод карда шуда, бо Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Фармонҳои Сарвари давлатро Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ба самъи фаъолон расонид. Асадулло Раҳмон ҳамзамон аз фаъолияти кории Абдураҳмон Қодирӣ ва саҳми ӯ дар рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят ёдовар шуда, дар кору рузгори минбаъда барояш комёбиҳо таманно намуд.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни суҳбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд ва афзуд, ки ҳамаи дастоварду комёбиҳое, ки вилояти Суғд тули солҳои роҳбариаш ба даст овард, маҳз натиҷаи дастгириҳои Сарвари давлат мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода низ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд ва изҳор кард, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи кориашро дар ҳамкорӣ бо фаъолон барои рушду нумӯи кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд сафарбар хоҳад кард.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Абдураҳмон Қодирӣ барои фаъолияти пурсамараш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар иҷрои вазифаи пурмасъулият барору комёбиҳо таманно намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh