Пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб

Бештари инсонҳо чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қалб тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки мусалмони комил он аст, ки дигарон аз забон ва дасти ў озоре набинанд. Аммо, мутаассифона, имрўзҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини Ислом роҳандозӣ ва ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангезиву таҳрибкорӣ муаррифӣ мекунанд.

Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро. Аксари аъзову пайравони он ришдорону аз гуфторашон, ки саропо муноҷот бо Худост, эҳсос мекунӣ, ки ягон сўфимашраб ва ё аҳли тақвоанд. Вақте аз амалҳои разилонаву манфураш огоҳ мешавӣ, мусалмон не, балки душмани дин аст.

Сароғози ҳамаи нишастҳову нақшаҳои фаъолияти ин ташкилот бо лафзи ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон оғоз мешавад, аммо дар идома нақшаву ниятҳои нопок, ки дар қалби онҳо нуҳуфтааст, тарҳрезӣ мегардад.

Имрўзҳо низ наҳзатиёни гумроҳ пас аз ҳамчун ташкилоти террористӣ- экстремистӣ эътироф гардидани ҳизби наҳзати ислом боз ҳам даст ба амалҳои нангин зада, барои ба ҳадаф расидан ва иҷрои нақшаву ниятҳои нопоки худ аз номи дин сўйистифода намуда истодаанд.

Инро бояд ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дарк намуда, дар амри мубориза бо чунин разилони бадандеш саҳмгузорӣ намояд.

Фарҳод Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh