Зуҳуроти номатлуб - хатар ба суботу амнияти ҷомеа

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки вақтҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра чандин давлатҳои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест.

Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем...».

Аз ин хотир, мувофиқи таъкиди Пешвои миллат ҳар яки мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем. Насли ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани Ватан тарбия намуда, нагузорем, ки фирефтаи гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ гардида, фикру ақидаашонро тағйир диҳанд. Марзу буми Тоҷикистони азизро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Фирӯз БОҚӢ,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh