Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо шароити хизмати сарбозон шинос шуд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии водии Зарафшон ва шунидани арзу дархости шаҳрвандон, рӯзи 24 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба шаҳри бостонии Панҷакент ташриф овард.

Зимни сафар Раҷаббой Аҳмадзода нахуст шароити хизмат ва будубоши сарбозонро дар қисмҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба туфайли таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ ба мактаби бузурги шуҷоату мардонагӣ ва нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми кишвар табдил ёфта, вазъи қисмҳои ҳарбӣ ва шароити хизмати афсарону сарбозон таҳти назари доимии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Қисми низомии 05170 -и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои намунавии низомӣ ба ҳисоб рафта, дорои шароитҳои хуби хизматӣ мебошад. Роҳбари вилоят дар ин қисми ҳарбӣ ба сатҳу сифати хизмати аскарон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар асоси супориши Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули шаҳрвандон ва аёдаткунандагон дар қисми низомӣ нуқтаи назорати гузаргоҳ бунёд гардида, бо мақсади қабули пайвандони сарбозон, ки барои дидорбинии фарзандонашон меоянд, хонаи волидайн ташкил карда мешавад. Дар қисми ҳарбӣ нуқтаи тиббӣ амал карда, вазъи саломатии ҳайати шахсӣ мавриди санҷиши доимӣ қарор дорад. Роҳбари вилоят ба табибони қисми ҳарбӣ тавсия дод, ки пеш аз ҳама ба сифати доруворӣ эътибор дода, барои ҳифзи сиҳатии сарбозон ҳамеша омода бошанд. 

Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити мавҷудаи сарбозон дар хобгоҳ, ошхона, амбори маводи хӯрока низ қаноатманд гардид. Дар амбори қисми ҳарбӣ миқдори лозимаи маводи ғизоӣ, аз қабили орду равган, макарону биринҷ, гӯшт, шакару тухм, афшураю сабзавот ва ғайра захира гардидааст.

Роҳбари вилоят ба мутасаддиён дастур дод, ки масъалаи сифати маводи ғизоӣ ва муҳлати нигаҳдории онро қатъиян зери назорат гиранд. Зимни боздид ба ҳайати шахсӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯмаки моддӣ аз қабили маводи хӯрока дастрас карда шуд. Дар қисми ҳарбӣ сарбозон барои худ ҳар рӯз 150 кг ордро нон мепазанд ва барои тановули ғизо ошхонаи барҳаво доранд.  Дар шаҳрчаи варзишӣ бошад, тамоми шароитҳои машқу тамрини варзишию низомӣ фароҳам аст.

Бо мусоидати роҳбарияти вилоят минбаъд қароргоҳи нақлиёти қисми низомӣ болопӯш гардида, айвонҳои иловагӣ барои нигаҳдории техникаи ҳарбӣ сохта хоҳад шуд. Қисми ҳарбӣ ҳамчунин дорои боғ, хоҷагии чорводорӣ ва 2 гектар хоҷагии ёрирасон барои парвариши сабзавот мебошад. 

Дар мулоқот бо ҳайати шахсӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо супориши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити сохторҳои низомии ҳудуди вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Аз сарбозон даъват карда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат таълимоти ҳарбиро хуб азхуд карда, содиқона барои ҳифзи амну осоиши Ватан омода бошанд ва рисолати аслии хешро, ки хизмат ба Ватан аст, софдилона иҷро намоянд.

Роҳбари вилоят ҷараёни хизмати аскариро дар қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди мушоҳида қарор дод. Вазъи таъминоти маводи хӯрокаю пӯшока ва машқу омӯзиш дар ин қисми низомӣ низ мувофиқи матлаб буда, сарбозон бо дили гарм ба ҳифзи сарҳад машғуланд. Роҳбари вилоят барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати кунунии қисми низомӣ масъулини шаҳрро дастур дод, ки ҷиҳати деворбандӣ кардани атрофи он мусоидат намоянд. Ба ин қисми ҳарбӣ низ кӯмакҳои модди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh