Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос шуд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Панҷакент нақша дорад, ки  дар хиёбони Рӯдакии маркази шаҳр бинои боҳашамати Маркази ҷавононро бунёд намояд. Фармоишгари ишшоот Идораи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент ва пудратчиёни он ҶДММ “Манора-2014” ва "СУ-3" мебошанд.

Иншоот бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ дар ҳаҷми наздик 7 миллион сомонӣ сохта шуда, мувофиқи нақша он аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар дохили бино бахши ҷавонони шаҳр, рӯзномаву телевизиони маҳаллӣ ва дигар сохторҳо, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҷойгир карда мешаванд. Инчунин маҳфилҳои мухталиф, аз ҷумла маҳфилҳои рақсиву варзишӣ, ҳунарҳои миллӣ, маъхази китоб, толори хониш, китобхонаи электронӣ,  бойгонӣ дар марказ фаъолият хоҳанд кард. Дар марказ тамоми шароити замони муосир фароҳам оварда мешаванд. Аз ҷумла толори калон барои 450 ҷои нишаст, чор толори баргузории мизҳои мудаввар бо технологияҳои мусоири намоиши видеоӣ, маркази иттилоотӣ-интернетӣ барои ҷавонон хизмат хоҳанд расонид. Айни ҳол беш аз 200 нафар ба корҳои сохтмонӣ машғул буда,  70 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд.

Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пудратчиёни сохтмонро дастур дод, ки корҳои сохтмониро вусъат бахшанд ва корҳои сохтмониро дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонанд.

Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамзамон азнавсозии гулгашти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ва саҳну атрофи он дар пешорӯи Маркази ҷавонон идома дорад. Дар мавзеи мазкур баъди таҷдид пайкараи нави шоир ва нишастгоҳҳо гузошта шуда, атрофи он ба гулкорию кабудизоркунӣ фаро гирифта мешавад. Мавзеи мазкур баъди азнавсозӣ ҳамчун макони дӯстдоштаи истироҳатию фароғатӣ ва муҳити маънавӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри бостонӣ, бахусус ихлосмандони ин шоири шаҳир хизмат мерасонад. Таҷдиди гулгашти Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамин мавзеъ корҳои ободониву навсозии варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент низ мавриди таваҷҷӯҳи роҳбари вилоят қарор гирифт.  Варзишгоҳи мазкур соли 2008 ба муносибати ҷашни 1150 - солагии устод Рӯдакӣ бунёд гардида, барои 3500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд. Акнун пас аз бозсозии қисматҳои шимолию ҷанубӣ варзишгоҳ дорои 7 ҳазор ҷои нишаст хоҳад шуд. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои бозсозиро ҶДММ “ПМК- 278” бар уҳда гирифтааст. Бунёди нишастгоҳҳои иловагӣ  имкон медиҳад, ки минбаъд  дар варзишгоҳ мусобиқаҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин чорабиниҳои бонуфузи фарҳангӣ баргузор карда шаванд.

Дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бошад, сохтмони кӯдакистони замонавӣ барои 200 нафар идома дорад. Кӯдакистони мазкур бо сарпарастии КМ "Зарафшон" сохта шуда, аз таҳхона, се ошёна ва ошхонаву дигар иншооти хизматрасонӣ иборат аст. Суръати корҳои сохтмони кӯдакистон роҳбари вилоятро қаноатманд накард ва ба масъулин супориш дода шуд, ки ҷараёни сохтмонро бо ҷалби қувваи бештари корӣ тезонанд ва кӯдакистонро дар муҳлати муайяншуда ба истифода супоранд. Айни ҳол дар шаҳри Панҷакент ва деҳаҳои атрофи он 17 кӯдакистон амал мекунад, ки 12 адади он тобеъи шуъбаи маориф, се кӯдакистон хусусӣ ва ду адади он тобеъи ташкилоту идораҳо  мебошанд.

Ба рушди тибби хусусӣ дар шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар бо фаъолияти Маркази тиббии "Шифо" шинос низ шуд. Ин маркази табобатӣ хусусӣ буда, аз бахши дармонгоҳӣ ва бемористон бо фарогирии шуъбаҳои дарунӣ, асабу занона, пӯст, эндикринологӣ, дилу рагҳо, осебшиносӣ, урологӣ ва ғайра иборат мебошад. Дар марказ 29 нафар, аз ҷумла ҳафт духтур ва 10 корманди миёнаи тибб фаъолият мебаранд. Роҳбарияти маркази тиббӣ нақша дорад, ки дар ояндаи наздик бо ворид намудани таҷҳизоти муосири ташхису табобат доираи фаъолияти дармонгоҳро васеъ намояд ва шуъбаи ҷарроҳиро боз кунад.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти марказро барои хизмати содиқона дар роҳи ҳифзи саломатии мардум ва вусъати корҳои ободонӣ дар ҳудуди табобатгоҳ ҳидоят намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh