Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолон баргузор шуд

Рӯзи 27 январ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор шуд.

Дар рафти маҷлис иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонӣ дар тамоми қаламрави вилоят, аз ҷумла шаҳри бостонии Истаравшан идома дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бурду бохти шаҳри Истаравшан ва рафти корҳои ободониву бунёдкориро таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки дар мавзеъи Сексарӣ, ки дорои зиёда аз чор ҳазор гектар замин мебошад, бояд аз ҳозир корҳои омодагӣ барои кишту парвариши анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ оғоз ёбад. Дар ин раванд, истифодаи самараноки оби полезӣ, таҳияи структураи кишт, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳамкорӣ бо деҳқонон муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни натиҷагирӣ аз сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят масъулини вилоятӣ ва маҳаллиро муваззаф сохт то ҳамаи корҳо, аз ҷумла сохтмони иншоотҳо, сабзу хуррамнамоии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мувофиқ ба нақша ва бо сифати баланд ба сомон расонида шавад.

Таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сокинону фаъолони шаҳри Истаравшанро дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, кӯмаки худро дар корҳои сохтмонии Қалъаи Муғ мерасонад. Иттилоъ дода шуд, ки 3 км роҳи дохилии шаҳр аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh