Муқовимати ҳақиқӣ бо фазои маҷозӣ

Ҷомеаи башарӣ дар шароити имрўза гирифтори мушкилоти зиёде аст, ки мубориза бо терроризм ва роҳ надодан ба ифротгароӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рўз мебошанд. Терроризм ва ифротгароӣ тамоми ҷомеаро фаро гирифта, мехоҳанд, ки таъсири худро боло баранд ва бо ин роҳ мақсадҳои манфури хешро амалӣ созанд. Неруҳои созандаи аҳли башар дар шароити кунунӣ бар он мекўшанд, ки нуфузи созмону гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароиро ба ҷомеа кам намоянд. Саволи асосӣ дар ин маврид он буда метавонад, ки чӣ гуна метавон таъсири ин созмонҳоро дар фазои маҷозӣ кам намуд ё худ шаҳрвандони худро аз гирифторӣ бар доми ин гурўҳҳо боздошт?  

Дар шароити имрўза фазои маҷозӣ ё интернет ба майдоне табдил ёфтааст, ки чунин созмонҳо ва гурўҳҳо бо лаҳну шевои мухталиф дар он фаъолият мебаранд.

Дар даҳсолаҳои охир интернет чун абзори муҳими пайванд ва иттилоотрасонӣ таваҷҷуҳи васеи гурўҳҳои террористӣ ва ифротгароро ба худ кашидааст, то бо пайравон ва мухотабони худ алоқаро барқарор намояд. Ба ин хотир, дар фазои маҷозӣ ҷанги равонӣ мебаранд, иттилооти заруриро ҷамъ меоваранд, дигаронро дар заминаи андешаҳо ва мақсадҳои худ омўзиш медиҳанд, кўмаки молӣ меҷўянд ва дар як вақт пулҳои ҳангуфт ваъда медиҳанд.

Дар шароити кунунӣ интернет дар баробари хубиҳо ҳамчунин барои паҳну пахши маводи муҳтавои фаҳшдошта ва террористию ифротгароӣ хидмат менамояд. Гурўҳҳои дорои мақсадҳои мухталифи сиёсӣ аз он ҷумла, террористӣ ва ифротгаро пас аз зуҳури интернет имкониятҳои ин шабакаи иттилоотии ҷаҳониро барои паҳн намудани андеша ва таблиғи худ, пайванд бо пайравону ҳаммаслаконашон, огоҳии ҷомеа аз мавқеъгирияшон истифода мекунанд.

То ба зуҳури интернет гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро мехостанд ҷамъиятӣ шудани худро бо ҷалби телевизион, радио ва воситаҳои ахбори чопӣ таъмин намоянд. Албатта, созмонҳои террористию ифротгаро ҳадди муайяннамударо дар воситаҳои ахбори анъанавӣ убур карда наметавонистанд. Аммо дар сомонаҳои интернетии худ ин гурўҳҳо чунин ҳадди муайяне барои маҳдудият надоранд ва ҳарчӣ дилашон мехоҳад, ба самъи ҷомеа мерасонанд. Мусаллам аст, ки дар шароити имрўза ин гурўҳҳо муҳтавои гуфторҳояшонро дар интернет муайян мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳад симои худ ва ҳарифашонро мувофиқи хосташон тарҳрезӣ ва пешкаши мухотабон созанд.

Дар марҳалаи имрўза мубориза бо ҳузури терроризм ва ифротгароӣ дар фазои интернет яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб мебошад. Зеро дар аксари ҳолат назорати ҷавонон дар фазои маҷозӣ ғариимкон ва мушкил аст ва эҳтимоли дучори онҳо бо иттилоот ва тарғиби ҳар гуна созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷой дорад. Дар шароити Тоҷикистон дар солҳои охир мисолҳои зиёде буданд, ки ҷавонони моро дар фазои маҷозӣ гумроҳ сохтаанд ва ба сафи гурўҳу созмонҳои террористӣ ва ифротгаро шомил намудаанд. Нафарони зиёди гумроҳшуда дар фазои маҷозӣ ба тарғиби ин гурўҳҳо машғул  буданд, ки албатта дигар ҷавононро низ гумроҳ мекарданд.      

Бинобар ин, пеш аз ҳама моро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи дуруст ва саҳеҳ аз интернет ва фазои маҷозиро ба мардуми кишвар ва хусусан ба қишри ҷавон омўзонем.  

Дар самти пешгирии таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба истифодабарандагони шабакаҳои маҷозӣ пахши ҳолат, азобу машаққатҳои нафарони дучоршуда ба доми террористон ва ифротгароён муҳим аст. Пеш аз ҳама зарур аст, ки субъектҳои бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизабаранда аз ҳолати кунунии масъала огоҳӣ дошта бошанд. Онҳоро зарур аст, ки рушди технологиро пайгирӣ карда тавонанд. Субъектҳои зидди терроризм ва зидди ифротгароӣ муборизабарандаро зарур аст, ки аз зарфиятҳои технологӣ ва барномасозии муосир васеъ истифода намоянд.

Дар умум масъалаи муқовимат ба нуфузи созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар фазои маҷозӣ хеле муҳиму зарурӣ шудааст.

Шарофиддин СОЛИЕВ,
 устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh