Мардум дигар фирефта намешавад

Тоҷикистон дар қатори садҳо давлатҳои мустақили ҷаҳон мавқеву нуфузи худро дошта, аъзои комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Дар давоми 26 соли мавҷудияташ ҳамчун як кишвари  мустақил дар самтҳои иқтисодию сиёсӣ ба дастовардҳо ноил гаштааст, ки ин натиҷаи талошҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекарданд. Тамоми ҳизбҳо дар сарзамини мо баробарҳуқуқ буда, ба ҳамаашон дар амалӣ кардани фаъолияти сиёсиашон имкониятҳои якхела фароҳам оварда шуда буд. Ба ин нигоҳ накарда, баъзеи онҳо аз чорчӯбаи қонун берун баромаданд ва ҳатто амалиётҳоеро ба амал баровардаанд, ки ба оромиву субот дар кишвар хатарҳо эҷод карданд. Ин ҳизб ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон буд. Ки оқибат ҳамчун ташкилоти террористӣ фаъолияташ манъ карда шуд.

Бо гуноҳи азими онҳо буд, ки садҳо ҷавонон гумроҳу фирефтаи онҳо шуданду оқибат пушаймон.

Роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ танҳо дар фикри ба даст овардани ҳокимияти сиёси буданд. Имрӯз дар даврае, ки вазъи ҷаҳон аз муаммоҳои терроризму экстремизм торафт пурмуаммо мегардад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.

Чуноне, ки мушоҳида мекунем, вақтҳои охир тавассути расонаҳои интернет, баъзе паҳлӯҳои фаъолияти сиёсии ҳНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҳНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Оё онҳо фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд? Он рӯз дур нест, ки ин тоифа ба худ ояд ва хулосаи худашонро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.

Онҳо бояд ҳис намоянд, ки мардуми кишвар дигар ба фаъолияти ҳНИТ таваҷҷӯҳ надорад. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезиро намехоҳад.

ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мардуми бонангу ори кишварамонро даъват менамоянд, ки фирефтаи ақидаҳои ифротӣ нагарданд.

Устодон ва донишҷӯёни
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh