Ба давлату миллат бояд содиқ бошем!

Таърихи бою куҳани кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадом дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон  ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро  дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки «Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…».

Ҷумҳурии Тоҷикистон  сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст ва бо ҳар кадом ҷумҳуриҳо бо баназаргирии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  фарҳангиро ба роҳ мондааст.

Аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиrлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаи дўстона, ҳамкории васеи судмандро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монд. Дар доираи ин ҳамкорӣ нақби Анзоб, нерўгоҳи барқи обии «Сангтуда - 2» сохта ба истифода дода шуданд ва сохтмони объектҳои дигари ҳаётӣ идома дорад.

Мутаассифона, кишвари ба мо дўст, бародар, ҳамзабону ҳамфарҳанг, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварӣ ва эътиқоди зиёд риштаи ҳамкорӣ ва дўстиро пеша карда буд, дар забону зоҳир як чизро баён намуда, дар ботин мақсаду ниятҳои нопоку разилона ва душманонаи худро доштааст. Далели ин гуфтаҳо нишондоди гурўҳи ҷинояткороне, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои содир намудани куштор, амалҳои террористӣ, таркиш ва дигар амалҳои диверсионӣ машқу тамрин намуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1995 то 1999 ҷиноятҳои вазнинро содир намудаанд, мебошад. Шахсиятҳое, ки аз ҷониби ин гурўҳи ҷинояткор ба қатл расонида шудаанд, на инсонҳои оддӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаҳои гуногун муаррифгари миллати тоҷик буданд.

Бо гузашти вақт таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломро ба мардуми кишвар ошкор намуд. Ин амалҳои ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллати тоҷик бори дигар ба халқу ватан ва ҷаҳониён исбот намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона, созандаро пеша гирифта, дар амал татбиқ намуда истодааст.

Имрeз рафтори ноxавонмардонаи хиёнаткорони ватан барои тамоми мардуми кишвар дарси иборат аст ва дигар ба дасисаву иғвоҳои гурўҳҳои алоҳида фирефта нахо[анд шуд. Аҳли кишвар бояд сиёсати Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободу сарсабзии кишвар саҳмгузор бошем.

Б.ҚОБИЛОВ,
дотсенти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh