Дар тафаккури ҷавонон ақидаи солим бипарварем

Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои манфури ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки дар миёнаҳои асри XX аз ҷониби гурўҳҳои манфиатҷўву қудратталаб зуҳур карда, аз худ оқибатҳои даҳшатангезу фоҷиаомез ба бор овардааст.

Бино ба иттилооти воситаҳои ахбори омма имрўз ин раванди номатлубу тахрибкор дар минтақаҳои даргир ва осебпазири дунё беш аз пеш равнақ ёфта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёми хеш иброз доштанд: «Соли ҷорӣ дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт… Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад».

Мо – омўзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар робита ба пешгирии ҷавонон аз шомил гаштан ба ҳизбу гурўҳҳои ифротгаро, ки бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламрави мамлакат манъ шудааст, ҳамеша кушиш менамоем, таваҷҷуҳи ҷавононро ба самти донишандўзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандўстӣ равона созем.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳизбу гурўҳҳои ифротгаро баҳри дастёбӣ ба ҳадафҳои манфуру нопоки худ, ки аз тезутунд намудани муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, низоъангезӣ байни дину миллатҳо ва рехтани бори кулфату фоҷеа бар сари мардуми хайрхоҳу сулҳҷў иборат мебошад, шиору ақидаҳои барои миллати мо бегонаро интишор дода, мехоҳанд сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бетаҷриба ва аз асли дину мазҳаб ноогоҳ зиёд намоянд.      

Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин равияи манфур, муборизаро пурзӯр намоем.       

Дар ҷамъомаду нишастҳои илмиву адабии муассиса аз ҷониби омўзгорон таъкид карда мешавад, ки ба адабиёти оламшумули форсу тоҷик рўй оранд, зеро адабиёти мо саршор аз ғояҳои сулҳпарвариву инсондўстӣ, илму донишандўзӣ, ватандўству эҳтироми миллатҳо буда, моро ба сўи ҷомеаи пурсаодат, ки дар он инсон ва озодиҳои он арзиши баланд доранд, ҳидоят менамояд. Аз ҷумла, дар байти зерини «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ ҳикмати баланд ифода ёфтааст.

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Мутафаккири бузург моро ҳушдор медиҳад, ки ҳама корро огоҳона кунем, аз тақлиди кўр-кўрона дур бошем, гумроҳ нашавем, некро аз бад, дўстро аз душман фарқ намоем, фирефтаи ақидаву корҳои мардуми бадхоҳ нагардем, танҳо ба манфиат ва суди мардуми хайрхоҳи атрофи худ кор кунем.

Имрўз байни ҷавонон тавассути телефонҳои мобилӣ ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии интернет ба анъана шудааст. Доир ба ин мавзуъ низ ҳангоми гузаронидани маҷлиси падару модарон борҳо таъкид карда шуд, ки фарзандони худро зери назорат нигоҳ доранд. Моро зарур аст, ки тафаккури ҷавононро ба сўи ақидаҳои солим, созандагиву касбомўзӣ мутамарказ сохта, дар шаклгирии шахсияти онҳо ва самтёбӣ дар дуроҳаи зиндагӣ, ки яке аз адолат ва дигаре аз ҷаҳолат иборат аст, кўмак намоем.

Метавон бо итминони комил иброз дошт, ки бо равона кардани тафаккури ҷавонон ба сўи донишу касбомўзӣ, ободгариву созандагӣ мо ба саодати комил мерасем, ҷумҳуриамонро аз хавфу хатарҳои глобалӣ ва экстремистӣ наҷот медиҳем ва ояндаи Тоҷикистонро ба дасти нафарони худогоҳу хештаншинос месупорем.      

Дилфуза ҒАФФОРОВА,
омўзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh