Тафаккури худшиносии ҷавононро ташаккул диҳем

Таъсири ҳар гуна ақида, падидаҳо ва  хабару маълумоте, ки бо воситаҳои ахбори умум ҳоло паҳн шуда истодаанд, ба роҳу равиши зиндагӣ, тафаккури сиёсӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва ҷаҳонбинӣ метавонад таъсири ҷиддӣ расонад. Бинобар ин, мутахассисони ҷавон  бояд ба  сатҳи замони муосир мувофиқ ва дар руҳияи масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шаванд, то дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти маънавии худро эҳсос намоянд. Аз ин рў, ҳангоми тайёр ва тарбия намудани мутахассисони ҷавон тарғибу ташвиқи арзишҳои  милливу  маънавӣ раванди ташаккули ҷомеаи  бофарҳангро  таҳким мебахшад.

Рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ муаммо ва масъалаҳои гуногунро   ба миён меорад, ки ҳалли самараноки онҳо  аз воқеан амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз  маърифат ва дониши ҳуқуқӣ ва аҳолӣ вобастааст. Аз ин рў, имрӯз дар  ҷомеа масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва заминаи муҳими пешрафт табдил ёфтааст.

Мутаасифона сатҳи маърифату дониши ҳуқуқии аҳолӣ беҳбудиро талаб мекунад. Аксарияти нафароне, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро бо таври кофӣ намедонанд, аз надонистани қонун даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо мезананд. Лекин, надонистани қонун  ягон шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 Бинобар ин, тарғибот ва  ташвиқот, ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ оид ба асосҳои сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлат, ба ташаккули рўҳияи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, пешгирии экстремизм ва терроризм ва дигар масъалаҳои аҳамияти умумиҷамъиятидошта мусоидат мекунанд. Чунки ташаккули дониши ҳуқуқии аҳолӣ, тарбияи онҳо дар рўҳияи эҳтиром ба қонун, оштинопазирӣ нисбати ҷиноят ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, экстремизм ва терроризм, ба маълумоти аҳолӣ расонидани иттилоот оид ба мазмуни санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон чораҳои хеле самараноканд. Муҳим он аст, ки дар гирдбоди  бархурди тамаддунҳо  ва ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҷавонони мо - ҳамчун нерўи асосии пешрафти ҷомеа фирефтаи арзишҳои  ба фарҳанги  миллии мо бегона нашуда, арзишҳои иҷтимоии миллӣ, фарҳанг, санъату адабиёт ва забон, илму маърифат, одоб, ахлоқу рафтор, таълиму тарбия ва дигар арзишҳои маънавиро таҳким бахшанд, ки инъикосгари симои миллати мо мебошанд. Ҷавонон бояд ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Худшиносӣ, масъулиятшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании ҳуқуқию маънавӣ будани ҳар шахс,  хусусан ҷавонон  қодир аст таъсири ҳар гуна зуҳуроти хавфнок ва таҳрибкориро пешгирӣ ва бартараф намояд.

А.Раҳматуллоев,
профессори Донишгоҳи давлатии
ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh