Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Рӯзи гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

Add comment


Security code
Refresh