Ба ояндаи фарзандон бефарқ набошем

Сад шукр, мекунам ки имруз мо дар давлати тинҷу ором ва пешрафтаву зебо, ки халқи олам мешиносад зиндагӣ дорем. Ин ҳама ободӣ, пешравӣ ва бунёди роҳу корхонаҳои истеҳсолӣ маҳз аз омилҳои тинҷиву амонӣ,  сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмии мардуми фарҳангдусту ватандусти тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегардад. Ба ин неъматҳои ноёб шукрона бояд кард. Ба қадри ин неъматҳои бузург бояд расид, ки бо чи қадар талошу заҳматҳо ба мо даст додаанд.

Дар васоити ахбори омма ҳамарӯза аз хабарҳои ҷаҳони имрӯза огоҳ мегардем. Мебинем, ки дар аксар давлатҳои чи қафомонда ва чи пешрафта хатар ба амнияти ҷомеа таҳдид дорад. Мардум хонаву ҷой тарк гуфта, пойлучу бараҳна, ташнаву гурусна шаҳр ба шаҳр ва давлат ба давлат гуреза гаштаанд.  Шукри Худованд мекунем, ки дар давлати мо ҳам тинҷӣ, ҳам амонӣ ва ҳам сериву пурӣ ҳаст.

Аммо мутаассифона, ин ҳама пешравиҳо, ободкориҳо, бунёди иншоотҳои азим на ҳар кас, билхосса душманони дохиливу хориҷии миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанги тоҷик хуш қабул менамоянд ва пешравию ободӣ, сулҳу ваҳдати мо пайваста душманонро ношоду нороҳат мегарданд. Бо ҳар роҳу васила кушиш ба харҷ медиҳанд, ки зарари худро ба мо расонанд. Ва ин тоифаи душманон дар дохил ва хориҷ аз ҷавонони бедонишу бесалоҳият ва нодону гумроҳи миллат истифода бурда, ҳар гуна таълимоту равияҳоеро, ки ба дини мубини Ислом ва ба мазҳабу миллати мо бегона аст, ба мағзу хуни онҳо ҷой менамоянд.

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки  аз давлати мо низ дар дар хоки давлатҳои ҷангзада ба мисоли  Афғонистону Ироқ ва Сурия ҷавонони  гумроҳ ба доми фиреби душманон афтида, яроқ бар даст гирифта, меҷанганд. Барои ки ва ба  чи мақсад меҷанганд, худ ҳам намедонанд. Вақте пай мебаранд, ки ин кору рафторашон хато аст, пас аз карда пушаймон мегарданд, вале он вақт хеле дер шуда.

Аксаран волидайни ин тоифа ҷавонони роҳгумзада бехабар аз он, ки фарзандашон ба чи кореву шуғле андармон аст, бо дили пур аз умед дар сар фикр  мекунанд, ки  ҷигарбандашон дар Руссия кор карда истодаасту барои ояндаи фарзандонаш камари ҳиммат баста. Вале ҳайҳот вақте хабар меёбанд, ки дар дигар давлат яроқ дар даст ҷанг мекунад, оҳу фиғонашон ба фалак мепечад.

Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки  дар тарбияи фарзандон беаҳамият набошем, аз хурдӣ фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, хизмат ба ватан-модар  тарбия намоем. Нагузорем, ки ҷавонон   роҳи хаторо пеш гиранд ва ҳаёти худро барбод диҳанд.

Фирӯз Боқӣ,
ноҳияи Спитамен
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh