Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон

Рӯзи 21 феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят, номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - сокинони Ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом мулоқот намуд.

Маврид ба зикр аст, ки номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Ғафурҷон Ортиқов”, №20 пешбарӣ гардидааст ва интихобот рӯзи 25 феврал доир мешавад.

Дар оғози мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Хуршеда Холматова вобаста ба шарҳи ҳол ва фаъолияти меҳнатии Раҷаббой Аҳмадзода ба интихобкунандагон маълумоти муфассал дод. Номбурда зикр дошт, ки Раҷаббой Аҳмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси муҳандис-химик-технолог ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи корхонаи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Гулистон (Қайроққум) ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, 13 январи соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят таъин гардидааст.

Зимни суҳбат бо интихобкунандагон Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки  бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Конибодом бунёди маркази ҷарроҳӣ, хиёбони Шоҳ Исмоили Сомонӣ, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, нуқтаи қабули хатти оби нӯшокии идораи обу канализатсия, варзишгоҳ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Рохбари вилоят ҳамзамон вазъи соҳаҳои гуногунро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият ва ҳалли мушкилоти мавҷуда ибрози андеша намуд. Қайд карда шуд, ки дар оянда ба рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмиру бунёди муассисаҳои таълимӣ, хонаҳои саломатӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат диққати бештар дода хоҳад шуд.

Дар идомаи мулоқот омӯзгор аз мактаби рақами 22 Инобат Сангинова, соҳибкор Ҷамшед Мамадраҷабов, раиси хоҷагии деҳқонии “Шуҳрат” Атҳам Сангинов ва дигарон вобаста ба пешбарии номзадии  Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавзаи интихоботии “Ғафурҷон Ортиқов” фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh