Ба таҳаввулоти ҷаҳон воқеъбинона нигаред

Мо ба Шумо, аъзо ва ҷонибдорону пайравони Ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломии Тоҷикистон муроҷиат менамоем. Оё вақти он нарасидааст, ки таҳаввулоту дигаргунии ҷаҳони муосирро бо чашми воқеъбинона бингаред ва аз аъмоли ноҷавонмардонаи худ даст кашед?! Гул-гулшукуфии кишвари маҳбубамонро эътироф кунед ва вазъи кунунии онро бо солҳои навадуми асри гузашта муқоиса намуда, шукргузори зиндагии осуда ва ҳаёти осоишта бошед.

Оё аз хизмати хоҷагони хориҷӣ хаста нагаштед? Имрeз мардум на онанд, ки фирефтаи суханони шумо шаванд ва ба афкору омолатон пайравӣ кунанд. Дигар умедвор набошед, ки дар ин кишвар барои тарғиби мақосиди ғаразноки хеш  имконияту шароити мусоид пайдо мекунед. Кунун вақти он расидааст, ки аз сарнавишти мардуми Сурияву Ироқ, Афғонистону Яман ва дигар кишварҳои ҷангзада, ки дину мазҳабро бо сиёсат омезиш дода, ин кишварҳои ободу маъмурро ба хоку хун кашиданд ва миллионҳо мардуми бегуноҳро дар арсаи олам сарсону саргардон кардаанд, ибрат гиред.

Агар бо роҳи пешгирифтаи худ рафтан гиред, иштибоҳ мекунед ва дар поёни роҳ танҳову бекас ва хору забун хоҳед монд. Фаромӯш накунед, ки ҳеҷ куҷо, ба ҷуз Тоҷикистон, бароятон ватангоҳу осоишгоҳ нест. Фирефтаи дастгириву пуштибонии Ҳукумати кунунии Эрон нашавед. Сари ин масъала тааммул кунед ва итминон дошта бошед, ки ин сарзамин, ки ҳастиаш асрҳо инҷониб дар асоси афкори аҳли ташайюъ аст, бо аҳли суннат ва ҷамоат дар тазоду душманист.  

Вақти он шудааст, ки ба дурӯғпароканиву кинаҷӯӣ, тавҳину туҳмати Ҳукумати кишвар ва гумроҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, хотима гузоред. Биёед, дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, ин кишварро обод намоем ва дигар нагузорем, хоинону душманони давлату миллат осоиши моро барҳам зананд.

Ҷомеаи  меҳнатии кафедраи
умумидонишгоҳии забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 

Add comment


Security code
Refresh