Сафи аъзоён ба хотири пул

Шояд мо ҷавонони 20-25 сола, ҳамсолони замони соҳибистиқлол аз амалҳои разилонаву пасипардагӣ ва хиёнаткориҳои бархе аз ҳамватанонамон дар барангехтани кинаву адоват ва ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани кишвари тозаистиқлол огоҳии комил надошта бошем.

Гeиё ба назари бархеи мо ин амалҳо ба мисли афсона метобад. Зеро, дар он замон ақлу ҳуши мо машғули бозиву гирудорҳои овони кeдакӣ буд ва нолаву афғони модарону падарону бузургсолонро дида, ҳатто ҳеҷ чиз пай намебурдем. Баъдан, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ хондему аз устодон маълумот гирифтем, сиёҳро аз сафед фарқ мекардагӣ шудем.

Дар ин маврид банда мехоҳам аз амалкарди хоинони миллати тоҷик, бахусус аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстемистии ҳизби наҳзати исломӣ бо чашми сар дидам, рeи коғаз оварам, то ояндагон, насли наврасу ҷавон, ҳамсолони азизам бихонанд ва худу атрофиёнашонро аз чунин наҳзатиёни нохалаф эмин нигоҳ доранд ва ҳифз намоянд.

Асосан наҳзатиён ончиро, ки бо кирдори разилонаву барқасдонаи худашон содир мешуд, онро кори мақомоти давлатӣ унвон дода, симои давлатро ба назари мардум бад вонамуд мекарданд. ҳар як кору амалашонро бо омезиш ба номи дини поки мубини Ислом амалӣ намуда, рeйрост мардумро ба гумроҳӣ даъват мекарданд.

Вокуниши ошкорои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Кабирии фитнагар

Соли 2008, ки қароргоҳи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт бо сабаби мавҷуд будани ҳолатҳои ғайрисанитарӣ, напардохтани маблағи андоз муваққатан баста шуда буд ва бинобар напардохтани ҳаққи истифодаи нерeи барқ, барқи он хомeш гардида буд, дар он замон пеш аз ҳалли мушкилоти қароргоҳ Кабирӣ тасмим гирифт, ки  бо наҳзатиёни аштӣ маҳз дар он ҷо мулоқот анҷом диҳад. Аблатта ҳадафи Кабирӣ бо ин кирдораш фитнаандозиву барангехтани кинаи наҳзатиён нисбати сохторҳои давлатӣ маҳсуб меёфт. Чун дари қароргоҳ баста буд ва барои гузаронидани маҷлиси наҳзатиён монеа пеш омад ва тири наҳзатиён хок хeрд бо супориши Кабирӣ ҷавони гумроҳе бо садои баланд ба ҳамагон рeй оварда амру хитоб ва нидо кард, ки: «Такбир!» ва ҳамагон бо овози баланд «Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳил ҳамд» гуфтанд ва баъдан он ҷавони иғвогар ҳамагонро «рафтем-рафтем, мошооллоҳ» гeён ба самти номуайяне равона кард.

Маҳз чунин амалу кирдори Кабирӣ буд, ки 22 декабри соли 2012 зимни мулоқоти e бо сокинони шаҳри Исфара ходимони дин Абдурақиб Раҳмонов, Обидхон Ғафуров, Ҷамолиддин Шаҳобиддинов ва дигарон ба Кабирӣ вокунишҳои шадид нишон дода, ҳамчун ҳизби исломӣ амал кардани наҳзатро хилофи назари шаръӣ маънидод намуда, бо овардани мисолҳо аз ҳамсоякишвари Афғонистон ва амалкарди ҳизбу ҳаракатҳои мамнeи исломӣ, ки бо гуфтани «Аллоҳу Акбар» ба сeи якдигар тир мекушоянд фаъолияти наҳзатро инкор кардаанд.

Ба ин монанд моҳи июли соли 2014 зимни мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон бо ҷавонони шаҳри Кeлоб, ки ғайриқонунӣ дар манзили истиқоматии Муҳаммадшариф Набиев роҳбари бахши ҳНИТ дар шаҳри Кeлоб баргузор гардид ба ҳамлаи ҷавонон нисбати e анҷомид. Аз ин бармеояд, ки ҷавонони бонангу ори шаҳри Кeлоб он замон аллакай аз нақшаву ниятҳои разилонаи Кабирии манфур огаҳ гардида буданд ва eро бо истифодаи тухму помидор заданд. Андеша меравад, ки агар Кабирӣ он замон вакили Парлумон намебуд шояд ҷавонон eро дигаргуна озору шиканҷа медоданд.

Ҳамзамон моҳи феврали соли 2015 занону модарони ноҳияи Ашт барои баргузории мулоқот бо Кабирӣ монеа шуда, eро рeйрост таънаву маломат карданд. Албатта бархeрди ҷавонони огаҳ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вокунишҳои ошкорои онҳо ба Кабирӣ дар бештаре аз шаҳру навоҳии кишвар рух додааст, аммо мо инҷо ба сифати мисол бархеи онро зикр намудем.

Аъзокунии пинҳонӣ ба наҳзат

Чун ба ҳайси ҷавони фаъол дар замони фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар чандин мулоқоту ҷаласаҳои он, ки баргузории мулоқоти раиси ҳизб бо ҷавонон унвон мешуд ширкат намудам. Вақте мушоҳида мекардам, ки дар ибтидои ҷаласаҳои расмӣ ва мулоқот бо ҷавонон собиқ роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вақте ба толор ворид мешуд ва ба мулоқот оғоз мекард ба ҷои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон порчае аз сураи Қуръони карим садо медод ва дар маркази толор ба ҷои акси нишони давлатии кишвар нишони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор дода мешуд. Саропо дар суханронии Кабирӣ туҳмату буҳтон, фитнаву тафриқа ва ихтилофангезӣ садо медод. Аз ҳама нафрататовараш он, ки шахсони дар толорнишастаи гумроҳони ришу сатрдор, вақте суханони ихтилофангези Кабириро мешуниданд бо овози баланд тeтивор «Аллоҳу Акбар» мегуфтанд. Мо ҷавонон дар ин лаҳзаҳо ҳайрон мемондему гумон мекардем, ки ин гумроҳон девона шудаанд, ки дар як маҷлиси расмии вакили Маҷлиси намояндагон чунин бесарусомонӣ мекунанд. Аммо Кабирӣ аз ин кирдори пайравонаш ба ҷушу хурeш омада, боз ҳам сафсатагeиҳои хешро идома медод.

Иштирокчиёни мулоқоти Кабирӣ - ҷавонон ва аксаран донишҷeёни макотиби олӣ барои Кабириву наҳзатиён мисли гeшти лаҳм аз ҷониби лошахeрони наҳзатӣ истифода мешуданд. Масалан, дар ҳар саф ва назди донишҷeёну ҷавонон мисли донаҳои бозии шоҳмот наҳзатиён нишаста буданду ҳар сухани Кабириро тасдиқ намуда, бо баҳонае бо ҷавонон ҳамсуҳбат шуда, бо ин тариқ онҳоро бо пеш овардани оёту ҳадис, намозхониву эҳтироми дин ва эҳтироми Худову Расул моту ба ибораи дигар «гипнос» карда, баъдан суроғаву нишонаҳои онҳоро гирифта бо онҳо ба ибораи ба худашон маъруф «бародар» мехонанд. Баъдан пай бурдем, ки ин «бародарон» ҷавононро ноогоҳона ба сафи ҳизби наҳзат ҳамроҳ мекарданд.

Ҳатто мушоҳида намудем, ки қабл аз оғози мулоқоти Кабирӣ таҳти шиори бақайдгирии иштирокчиёни мулоқот ришчадорону сатрдорони ношинос билети донишҷeии бархе аз ҷавононро нусхабардорӣ менамуданд, ё саросемавор тариқи телефон ва ё сканер аксбардорӣ мекарданд. Дар аввал гумон мекардем, ки чун замони пешрафти техникаву технологияи муосир аст, дастгоҳи ҳизби наҳзат чунин пешрафтааст, ки ҳамаро чунин сабтином ва бақайдгирӣ мекунад. Аммо баъдан фаҳмидем, ки ин амалҳо таҳти супориши Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов – раиси бахши ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд ба хотири афзун намудани сафи «ихтиёриёни ҷавон» ҷиҳати пайвастан ба ҳизб сурат гирифтааст. Чун аз пуштибониҳои ҳамешагии хоҷагони ҳизби наҳзат огаҳӣ дорам, гоҳе менишинаму меандешам, ки ҳадафи Кабирӣ таҳти шиори «мулоқот бо ҷавонон» барқасдона ва пинҳонӣ аъзо намудани онҳо ба ҳизбаш будаасту бо ин васила ба ҳар сари аъзои ҳизб кeмак гирифтан аз хоҷагонаш будааст. Аз нигоҳи дигар афзун намудани сафи ҷавонони ҳизб василаи ширкат дар интихоботи соли 2015 ва афзун нишон додани шумораи аъзоёни ҳизб низ маҳсуб мешудааст.

Фирҳод Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh