Баррасии саривақтии парвандаҳо

- Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 судҳои вилоят дар марҳалаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 42 ҳазору 204 парвандаи граҷданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳиро баррасӣ намуданд, - зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди вилоят Оқилзода Бахтиёр Даврон.

- Аз онҳо 3004 парвандаи ҷиноятӣ, 5530 парвандаи граҷданӣ, 11172 парвандаи оилавӣ ва 16687 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар марҳалаи якуми судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, дар ин давр ба коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилоят 591 парванда ворид шудааст, аз онҳо 511 баррасӣ гардиданд. Парвандаҳои граҷданӣ бошанд, 421 адад ворид ва 340 адад баррасӣ, оилавӣ 362 адад ворид ва 355 адад баррасӣ, парвандаи маъмурӣ 110 адад ворид ва 107 адад баррасӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки дар ин муддат 96 нафар ноболиғ, 367 зан ва ҳамчунин 10 нафар шаҳрванди хориҷа маҳкум шуданд.

Раиси Суди вилоят Оқилзода Бахтиёр Даврон ҳамзамон вобаста ба ҷиноятҳои терроризм ва экстремизм фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кард, ки дар ин давр парвандаҳои ҷиноятӣ 165 адад нисбат ба 257 шахс аз ҷониби судҳои вилоят баррасӣ гардида, ба муҳлатҳои гуногуни ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд.

Вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳои вилоят 253 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид ва баррасӣ гардида, 225 кас ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷазои ҷарима ҷамъ ба маблағи 1 млн. 170 ҳазору 500 сомонӣ татбиқ гардида, аз он 774 ҳазору 253 сомонӣ амалан ба буҷети давлат рӯёнида шуда, 396 ҳазору 247 сомонӣ боқӣ мондаанд.

Вобаста ба аризаҳои даъвогӣ марбут ба парвандаҳои граҷданӣ 1 млн. 23 ҳазору 692 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷети ҷумҳурӣ рӯёнида шуд.

Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати адлияи вилоят Б. Тӯрахонзода ва иҷрокунандаи Раиси Суди иқтисодии вилоят Муродҷон Раҷабзода оид ба фаъолияти сохтор ба ҳозирин гузориш доданд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh