Ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор гардиданд

Дар толори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сардори Раёсат полковники адлия Карим Иброҳимзода бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Дар оғоз мавсуф оид ба натиҷаи фаъолият дар соли сипарӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 51,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби зарарҳои молиявӣ зиёда аз 23,8 миллион сомонӣ барқарор шудаанд. Дар маҷмӯъ, соли сипарӣ 485 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор гардид. Ҳамчунин, аз ин шумораи умумии ҷинояти ошкоршуда 175 адад вазнин мебошад. Маблағи зарар аз рӯи парвандаҳо 49,4 миллион сомонӣ буда, то давраи ҷамъбастӣ 35,6 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст, ки 72 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди вилоят ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ, Вазорати маориф, Вазорати нақлиёт ва Кумитаи андоз ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гаштааст. Тамоюли зиёдшавии ҷиноятҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ ба чашм мерасад.

Сардори Раёсат полковники адлия Карим Иброҳимзода афзуд, ки дар самти пешгирии коррупсия дар давраи ҳисоботӣ 274 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба коррупсия ошкор карда, ба маблағи беш аз 271 ҳазор сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд. Инчунин, дар ин давра аз тарафи кормандони Раёсат 8 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик, ки бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудаанд.

Ҳамчунин мунтазам санҷишу рейдҳо бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ, бахусус дар самти ғайримақсаднок истифодабарии воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва иншооти давлатӣ аз ҷониби мансабдорон баҳри манфиати шахсӣ гузаронида шуда, дар ин самт 32 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва 32 000 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд.

Маъмурахон САМАДОВА
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh