Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» Ваҳдат Ярдан

Рӯзи 28-уми феврал иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» Ваҳдат Ярдан ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози суҳбат қайд намуд, ки дар Тоҷикистон ҳамкории бахши хусусӣ бо давлату Ҳукумат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои рушди соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Зикр гардид, ки феълан дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, энергетика, саноат, сохтмон, маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузорон иқдомҳои наҷиб амалӣ мегарданд.

Ваҳдат Ярдан, директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» зимни суҳбат изҳор дошт, ки аз имкониятҳои мавҷуда, ки барои рушди соҳибкорӣ дар вилояти Суғд фароҳам шудааст, истифода мекунанд ва барои сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногун тасмимҳои созанда руйи даст гирифта мешавад.

Бо назардошти имкониятҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва сайёҳии вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таваҷҷуҳи соҳибкорони туркро ҷиҳати бунёди гармохонаҳои замонавӣ ва парвариши помидору бодиринг ва гул, таъсиси корхонаи истеҳсоли либос барои кӯдакон, бунёди меҳмонхонаҳои замонавӣ ва комплексҳои хизматрасонии сайёҳӣ ҷалб намуд.

Дар навбати худ директори ширкати туркии «Ярдан иншаат» ва ҳамроҳонаш барои амалишавии нақшаву барномаҳои созанда омодагии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh