Нишоти файзбахш дар фазои ҳамдиливу осудагӣ

Якуми март рӯзи фараҳафзо буд: ифтитоҳи гузаргоҳҳои байнисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дер боз халқи ин ду кишвари ба ҳам дӯст интизор буданд, ба тантанаи суруру шодмонӣ мубаддал гашт.

Пирони рӯзгордида панд додаанд: гули аввал нишонаи баҳори хурраму файзбор аст. Дар рӯзи нахустпайғоми сароғози баҳори некқадам – якуми марти соли дуҳазору ҳаҷдаҳ гули аввал бо ранги хушу бӯи муаттар дар қаламрави ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла вилояти бостонии Суғд бишкуфт: хурду бузургсол, модарону хоҳарони дилбанди сарзамини Тоҷикистон бо кишвари дӯстпарвару меҳмоннавози Ӯзбекистон аз як тараф, дар саргаҳи Панҷакенту Самарқанд, аз дигар ҷониб роҳи Конибодому Фарғона, Ашту Қӯқанд ва сарҳади Фотеҳобод – давоми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, Спитамену Бекобод дида ба дидор расиданд. Дар чеҳраи ҳар яки онҳо гули рӯзгори пурсаодат, меҳри ҷонпарвар, қалбҳои ҳамхуну ҳамҷон, пайванди авлодиву хонаободӣ шукуфт, ки маънои мафҳуми диламон – кушода, дарҳоямон-кушода рисолати азалӣ гирифт.

Гуфтанд, ки тоҷикону ӯзбекон аз азал ба мисли як дарахти дутанаву як дарёи дуоба буданд, ҳастанд, то ҳаёт боқист, чунин мемонанд. Ҷавонони саодатманд, зиёиёни соҳибфазилат он рӯз аз шоҳбайтҳои устод Рӯдакиву Мавлоно Ҷомӣ ва Ҳазрати Навоӣ ёдоварӣ мекарданд, абёт қироат менамуданд. 

Рӯз-рӯзи саодатмандӣ ва дилписандиву дилбарӣ, фараҳу шодӣ дар саҳифаҳои таърихи ду халқи бародару ҳамтақдир, ҳампаҳлӯву ҳамсояи қарину беҳтарин бо қалами тақдир навишта шуд. Ин файзу нусрат, ин нишотмандиву болидарӯҳӣ ба шарофати сиёсати одилона, оқилона ва инсондӯстонаву башардӯстонаи Сарварони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти оқилу пурфутуввати Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар қалбу вуҷуди ҳама, ҳар хонадон, ҳар узви оилаи чӣ тоҷикону чӣ узбекон амсоли хуршеди Ховар зиё, гармӣ бахшид, рӯзгорони аз қадим дӯсту бародар, авлоду меросбарони содиқро маънии замонавӣ, тоза ва амиқ бахшид, ки неъмати дӯстиву ҳамгироӣ афзун мегардад, зеро расми хубу қиёснопазири тоҷикону ӯзбекон дӯстонро гарм бар оғӯш гирифтан аст.

Бо файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳарду кишвари ҳамҷавор фазои амну осудагӣ ҳукмрон буда, аз ҷониби Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои сулҳхоҳ - «дарҳои кушода»-ро пеш гирифта, на танҳо ба рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид, балки тавонист тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ яке аз пешоҳангон муаррифӣ шавад.

Якуми март рӯзи фараҳафзо буд: ифтитоҳи гузаргоҳҳои байни сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дер боз халқи ин ду кишвари ба ҳам дӯст интизораш буданд, чашм ба умед доштанд, ҳамкориҳои башардӯстона, омаду рафти авлоду аҷдодон, пиру ҷавонро бо дили кушод ва чеҳраи пурнур ба вуқӯъ овард. Таърих шаҳодат медиҳад: мардуми тоҷик ва ӯзбекро фарҳангу анъана, маданияту урфу одатҳои қадима, ки хеле ба ҳам монандӣ доранд, ба ҳам мепайвандад, онҳо ба гуфтаи мардуми оддӣ-«гӯшту нохунанд» дар як вуҷуд.

Тоҷикону ӯзбекон роҳ ба ҷониби офтоби ҳаёту рӯзгор дар истиқболи ҳамдигаранд, ҳамқадам мераванд. Риштаҳо боз қавитар мешаванд, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намоиши маҳсулоти муассисаҳои саноатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорон ва тоҷикон дар ду давлати ҳамсоя нишотбахши сиёсати башардӯстонаи Сарони Олимақоми ҳарду мамлакатанд.

Боз падидаи накӯи суруровар: ба роҳ мондани хатсайри роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд ва соддагардонии меъёри раводидро мардум бо эҳсоси олӣ пазируфтаанд. Устуворгардонии ҳамкориҳои судманд имрӯз тақозои ҳаёти ҳарду кишвар мебошад.

Тоҷикону ӯзбекон аз як наҳри пуроб об менӯшанд, дар ҳалли мушкилоти якдигар камар мебанданд. Талошҳои кишвари тоҷикон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028) боз як гувоҳи равшани афзудани нуфузу эътибори башардӯстона, инсонпарваронаи кишвари биҳиштосои мо дар арсаи ҷаҳон мебошад. Биноан рисолати дӯстӣ чунин ҳасту чунин бодо!

Мухтори АБДУЛЛО,
Файзуллохоҷа АТОХОҶАЕВ,
аъзои Иттифоқи
ҷурналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh