Ҳифзи ҳуқуқ дар мадди аввал

Чандест, ки дар ҷамоатҳои наздисарҳадии Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоатҳои Лаккон, Ворух, Сомониён ва Чоркўҳи шаҳри Исфара бо роҳбарии намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ мулоқот баргузор мегардад.

Мақсад аз чунин чорабинӣ дар чист? Агар дар ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сабаби деҳаҳои наздисарҳадӣ будан масъалаҳои рафтуомади хешу табор, дар давраи баҳор муаммоҳои оби нўшокӣ ва полезӣ, муомилоти шаҳрвандон, гузаштан аз нуқтаҳои гумрукӣ ба миён оянд, дар ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара андаке ташвишовар аст, зеро ҳангоми аз як деҳа ба дигар деҳа гузаштан шаҳрванди тоҷикистонӣ албатта, марзи Қирғизистонро убур карданаш лозим аст. Аз ин рў, барои хизматрасонӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ телефони боварӣ гузошта шуда, моҳе як маротиба дар ин ҷамоатҳо мулоқоту вохўриҳо баргузор мешаванд, инчунин барои ибрози фикру андешаҳо сандуқча низ гузошта шудааст.

Муносибати сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ду кишвар хуб буда, пурсиши аҳолӣ бештар дар бораи муайян кардани сарҳади давлатӣ мебошад. Намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки муаммоҳо ва масъалаҳои баррасишуда сари вақт ҳалли худро ёбанд.

Ҷаласаву вохўриҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид “Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва рушди устувор” дар ҷамоатҳои наздисарҳадӣ бо намояндагони ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, беш аз сад нафар ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар анҷоми мулоқот ба аҳли нишаст варақаи иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Бино ба гуфти Нурулло Ҳомидов, намояндаи ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни шаҳри Исфара низ сандуқча гузошта шуда, аҳолӣ ба он саволу дархост ва таклифу пешниҳодоти хешро ирсол мекунанд ва он дар ҳузури намояндагони ҷамоат ва ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон аз назар гузаронида мешавад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh