Кори худ кун, кори бегона макун!

Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои манфури ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки дар миёнаҳои асри ХХ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯву қудратталаб зуҳур карда, аз худ оқибатҳои даҳшатангезу фоҷиаомез ба бор овардааст. Бино ба иттилооти воситаҳои ахбори омма имрӯз ин раванди номатлубу тахрибкор дар минтақаҳои даргир ва осебпазири дунё беш аз пеш равнақ ёфта, ба амният ва иттиҳоду оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 дар Паёми хеш иброз доштанд: «Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт… Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад».

Мо – омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар робита ба пешгирии ҷавонон аз шомил гаштан ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо дар қаламрави мамлакат манъ шудааст, ҳамеша кӯшиш менамоем, таваҷҷуҳи ҷавононро ба самти донишандӯзӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ равона созем.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро баҳри дастёбӣ ба ҳадафҳои манфуру нопоки худ, ки аз тезутунд намудани муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, низоъангезӣ байни дину миллатҳо ва рехтани бори кулфату фоҷеа бар сари мардуми хайрхоҳу сулҳҷӯ иборат мебошад, шиору ақидаҳои барои миллати мо бегонаро интишор дода, мехоҳанд сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бетаҷриба ва аз асли дину мазҳаб ноогоҳ зиёд намоянд.

Имрӯз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи ин равияи манфур муборизаро пурзӯр намоем.      

Дар ҷамъомаду нишастҳои илмиву адабии муассиса аз ҷониби омӯзгорон таъкид карда мешавад, ки ба адабиёти оламшумули форсу тоҷик рӯй оранд, зеро адабиёти мо саршор аз ғояҳои сулҳпарвариву инсондӯстӣ, илму донишандӯзӣ, ватан- дӯстиву эҳтироми миллатҳо буда, моро ба сӯи ҷомеаи пурсаодат, ки дар он инсон ва озодиҳои он арзиши баланд доранд, ҳидоят менамояд. Аз ҷумла, дар байти зерини «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ ҳикмати баланд ифода ёфтааст.

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун.

Мутафаккири бузург моро ҳушдор медиҳад, ки ҳама корро огоҳона кунем, аз тақлиди кӯр-кӯрона дур бошем, гумроҳ нашавем, некро аз бад, дӯстро аз душман фарқ намоем, фирефтаи ақидаву корҳои мардуми бадхоҳ нагардем, танҳо ба манфиат ва суди мардуми хайрхоҳи атрофи худ кор кунем.

Имрӯз байни ҷавонон тавассути телефонҳои мобилӣ ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии интернет анъана шудааст. Доир ба ин мавзуъ низ ҳангоми гузаронидани маҷлиси падару модарон борҳо таъкид карда шуд, ки фарзандони худро зери назорат нигоҳ доранд. Моро зарур аст, ки тафаккури ҷавононро ба сӯи ақидаҳои солим, созандагиву касбомӯзӣ мутамарказ сохта, дар шаклгирии шахсияти онҳо ва самтёбӣ дар дуроҳаи зиндагӣ, ки яке аз адолат ва дигаре аз ҷаҳолат иборат аст, кӯмак намоем.

Метавон бо итминони комил иброз дошт, ки бо равона кардани тафаккури ҷавонон ба сӯи донишу касбомӯзӣ, ободгариву созандагӣ мо ба саодати комил мерасем, ҷумҳуриамонро аз хавфу хатарҳои глобалӣ ва экстремистӣ наҷот медиҳем ва ояндаи Тоҷикистонро ба дасти нафарони худогоҳу хештаншинос месупорем.

Дилфуза ҒАФФОРОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh