Падидаҳои номатлубро пешгирӣ мебояд!

Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон воқеаҳои даҳшатноку фоҷеабор идома доранд. Терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо таҳдид доранд.

Мавзӯи терроризм ва экстремизм имрӯзҳо яке аз мавзӯъҳои муҳиму мубрами тамоми кишварҳои дунё аст. Он яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангинест, ки ба проблемаи глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони имрӯзаро ба ташвиш овардааст, зеро қувваи асосиаш аз ҳисоби ҷавонон ва наврасоне, ки аз таълиму тарбия дур мондаанд, саводи мукаммали диниву дунявӣ надоранд, ташкил ёфтааст. Ин гуна ҷавонону наврасон, ҳатто маънову моҳияти экстремизм ва терроризмро дарк ҳам накардаанд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу даҳшатафканӣ амалӣ созанд.

ҳар як фарди ҷомеа бояд бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад, ки қарзи ҳар як инсони комил аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти хатарноки динӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид фаъолона мубориза бурда, барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат тадбирҳои судманд андешида, соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул гардидааст, ки мақсади он ошкор ва пешгирии терроризм мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар бораи ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ба зиёда аз сад давлати дунё, дар бораи нооромиву низоъҳо ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ сухан намуда, инчунин иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундравии хушунатомез изҳор доштанд. Бояд ҳар як фарди тоҷик муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм беш аз пеш пурзӯртар ва дучанд намояд, зеро ин падидаи номатлуб ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, ба ояндаи ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ дорад. Фардои дурахшони давлатдории миллӣ аз пешрафти бемайлони ояндаи ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Бо дарки чунин марҳалаҳои таърихӣ бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ илму донишҳои муосирро омӯзанд, бисёртар китоб мутолиа намоянд, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд кунанд, ба волидони худ ёрӣ расонанд ва ба ягон машғулиятҳои манфиатнок вақти худро сарф, барои ободии Ватан кӯшиш карда, муқаддасот ва марзу буми диёри азизамонро содиқона ҳифз намоянд.

Тошбегим Ҷумъабоева,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Исҳоқӣ

Add comment


Security code
Refresh