Мо арҷгузори фарҳангу тамаддуни оламшумуламон ҳастем

 

 

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар сомонаҳои интернетии дасисабоз доир ба як ҷамъомади дар Ҷенева баргузоргардида як-ду маводи расонаии низоъбарангезу сулҳшикан паҳн гардида, тухми адовату кина ва ғаразҳои манфури баъзе аз «бузургон»-у «бузургдавлатон»-ро кошта истодааст.

Гӯё дар ин ҳамоиш иштирокчиёни саммит ба ҳамкорони тоҷикистонии худ тасаллият изҳор намуда, дар кори «ҳимоя»-и ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва демократия дар ин давлат ҳамгироиро баён намуда бошанд.

Мо, ҷавонони бонангу номус ва соҳибватану ваҳдатсаро ва сулҳпарвару дӯстҷӯ ва арҷгузоранда ба ниёгону волидайни худ ва инсондӯсту созандаи тоҷику тоҷикистонӣ ба чунин афрод ва ҷамъомади онҳо ва ба ақидаву баёнияҳои онҳо танҳо бо як ҷумла ҷавоб медиҳем: «Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод сулҳи тоҷикон, шукуфон бод диёри азизамон, саломат бошанд падару модар ва пайвандонамон, нек ба камол расанд насли наврасамон ва ҳамеша дар амон бод Пешвои миллатамон!!!»

Мо, ҷавонони некбину некандеш ва идомадиҳандагони корҳои бунёдкоронаи аҷдодонамон ва арҷгузоранда ба фарҳангу тамаддуни ҷаҳоншумуламон ба афроду роҳбарони ин ташкилотҳо танҳо якчанд суолҳо дорем:

Наход Ҷеневае, ки баҳри инсондӯстиву рафоқат Ҳуқуқи башардӯстиро эҷод карда бошаду дар атрофи худ афроду ташкилотҳои қотили башариятро ҷамъ оварда бошад?

Наход Ҷеневае, ки ба баҳри сулҳу субот, пешгирии оқибатҳои даҳшатбори ҷангу низову офатҳо Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро таъсис дода бошаду дар атрофи худ ҷангҷӯёну низоъпарварони фалокатоварро ба ҳам оварад?

Оё «инсонпарварӣ» маънии ҷудоиандозию ҷудоихоҳӣ, хурофоту шаккокӣ, куштору таҷовуз ва аз байнн бурдани давлати тозаистиқлоли дунявиро дорад?

Оё ду нафари дар саммити зикршуда иштирокдошта: аз номи миллионҳо нафар тоҷику тоҷикистонӣ ҳуқуқи сухан гуфтан доштанд?

Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоли вакили Парлумони Тоҷикистон буданаш ба ҷуз бизнеси худу камбудигӯиҳояш чӣ коре ба нафъи мардуми шарафманду меҳнатқарини Тоҷикистон кард?

Чаро дар хориҷаву ҷамъомадҳои хориҷӣ шарафу манзалати тоҷику тоҷикистонӣ ва эътибори Тоҷикистонро паст мезананд? Ба онҳо кӣ чунин ҳуқуқро додааст?

Оё танҳо аъзои ҳизби наҳзати ислом мусалмонанд? Боқимонда 99 фоизи сокинони кишвар кофиру ғайримусалмонанд магар?

Оё пешрафти воқеъию бунёдкориҳо сулҳу субот, мунтазам муҳайё гаштани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ ва инкишоф, бомаром амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди бемайлони илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо, дар миқёси ҷаҳонӣ роҳандозии иқдомҳои глобалии Тоҷикистон, эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистону Роҳбари муаззами он, осоиштагиву ободии хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва умуман воқеъияти имрӯзаи пешрафти Тоҷикистону тоҷикистониён магар барои баъзе афроду ташкилотҳо аён нест? Ё онҳо нодида мегиранд, ё намехоҳанд, ё ин ки дигар ғаразҳои зидди миллату давлатро доранд?

Тоҷикистони биҳиштосо давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ аст ва халқи он қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад, бунёди ҷоеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, баҳри пешрафти Ватани азизи худ содиқона фаъолият бурда истодааст.

Комрон Исмоилзода,
ноҳияи Деваштич

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh