Мардуми тоҷик сиёҳро аз сафед фарк кардаанд

 

 

 

Фаъолияти пасипардагии ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ собит намуда истодааст, ки ин ташкилот дар ҳақиқат бо номи дини мубини ислом ба бадномсозии он машғул будаасту халос. Чӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чӣ дар садову симо агар маводе ё хабаре инъикос мешавад, ҳатман дар он оид ба чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ сухан меравад ва ё ин ё он паҳлӯи норавшани фаъолияти пасипардагии ин ташкилоти террористӣ ошкор мешавад. Дар воқеъ ошкор гардидани паҳлӯҳои норавшани фаъолияти ин ташкилоти бадхоҳ намунаи равшани огоҳии ҷавонон ва ҷомеа аз хатари чунин ташкилотҳои ифротгаро ва пешгирии шомилшавии онҳо ба чунин ташкилотҳо маҳсуб меёбад.       

Масалан, агар тариқи шабакаҳои иҷтимоиву телевизиони даврӣ аз кирдорҳои разилонаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» огаҳӣ пайдо кунем, мебинем, ки онҳо бо номи дини мубини ислом даст ба қатлу куштори бераҳмонаи занону кӯдакон, наврасону ҷавонон мезананд.

Агар ба намоиш гузоштани наворҳои қатлу куштор ва ваҳшонияти онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз як самт ба хотири ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳояшон бошад, аз нигоҳи дигар расонидани таъсири равонӣ ба зеҳну шуури онҳо дар масъалаи истифодаи чунин омилҳои номатлуб зимни муқовимат бо ҳамагуна гуруҳҳои муқобил маҳсуб меёбад, ки ин омил на танҳо ба як ё ду кишвари мусалмоннишин, балки ба ҷомеа хатари манфии худро мерасонад.

Акнун мегузарем сари амалҳои пасипардагии аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИТ. Дар ин ҷо шояд суоле пайдо шавад, ки «Чаро амалҳои ДОИШ ва амалҳои пасипардагии ҲНИТ? Посух он аст, ки ДОИШ агар амалҳои қатлу кушторро имрӯз ошкоро анҷом диҳад, ҲНИТ пасипардагӣ. Яъне ҲНИТ аввал байни ҷавонон ва мардум тафриқаандозӣ намуда, мехоҳад онҳоро ба фирқаҳо ҷудо намуда онҳоро барои нобудии худ бо дасти худашон раҳнамоӣ кунад.

Чун амалҳои разилонаву манфури наҳзатиёни хатарафзо дар ниқоби дини мубини ислом ба миён меояд, мехоҳам назари Худовандро ба чунин бадтинатон баён созам. Худованд дар сураи Бақара оятҳои 8, 9, 10, 11,  13 ва 14 мефармояд: «Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол онки имон наовардаанд. Инон Худову муъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худ фиреб медиҳанд. Дар дилҳояшон маразест ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар. Чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд: «Мо муслеҳонем (накӯкоронем). Ва чун ба муъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем». Худост, ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро вомегузорад то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.

Яъне аз ин сураи муборак бармеояд, ки сафҳои ТЭТ ҲНИТ пур аз гумроҳон аст ва онҳо гумроҳиро ба ҳидоят харидаанд.

 Фарҳод Воҳидов

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh