Ба ояндаи фарзандонамон беэътино набошем

Ба зиндагии ободу шукуфо, пурсаодату хуррам, тинҷу осуда, фаровону пурфайз, ҳар даму ҳар лаҳза шукрона бояд кард.

Имрӯз тавассути сиёсати оқилона ва сулҳдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз ба рӯзу сол ба сол рӯ ба рушд оварда, дар арсаи олам мавқеъ ва нуфузи худро пайдо кардааст. Хушоянд, ки имсол туфайли сиёсати ваҳдатсаро ва    ҳамсоянавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду халқи аз қадим ба ҳамдигар дӯсту бародар, ҳамдину ҳаммаслак тоҷику ӯзбек аз нав барқарор шуданд.

Имрӯз байни ин ду давлат ҳамаи садҳо бардошта шуда, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз ва рафтуои мардум ба роҳ монда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, натанҳо халқи ду кишварро, балки мардуми сулҳдӯсту сулҳхоҳи сайёраро ҳам шоду мамнун кард. Дар ин радиф, ҳамкориҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ба як марҳалаи нав расид, ки ин ҳам аз ояндаи дурахшони ободию осудагӣ ва рушди иқтисодии халқҳои минтақа шаҳодат медиҳад.

Ҳамаи ин пешрафтҳо бори дигар моро ба шукрона кардан ҳидоят мекунанд.

Аммо, таассуф, ки ба ҳамаи ин пешравиҳо ҳастанд нафарони носипосе, нобихраде, ватангумкардае ношукрӣ мекунанд. Ба роҳи хато мераванд ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ шомил мешаванд ва дар охир хиёнат ба Ватану модар мекунанд. Ин гуна ҳолат бештар дар байни ҷавонон рӯй медиҳад, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, дониши мукаммал ва касбу кори мушаххасе надоранд. Онҳоро фиребидан хеле осон мебошад.

Пас чӣ бояд кард, ки ҷавононро аз роҳи нодуруст баргардонем? Аз ҳама пештар, ҳар падару модар аз ҳоли фарзанди аз назар дураш, таҳсил дар сарзамини бегонадоштааш ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааш беэътиборӣ ва ғофилӣ накунанд. Ҳамеша ҳушдор диҳанд, ки ба ягон равияи ифротӣ ва шахси ношинос риштаи дӯстӣ напайвандад, барои пули бедардимиён худро ба доми онҳо наафкананд, роҳи нодурустро интихоб накунад.

Агар мо дастаҷамъона дар пешгирӣ кардани фарзандонамон аз рафтан ба амали хато фаъолият ба роҳ монем, бовар дорам, ки ҳеҷ вақт фарзанди мо қадам сӯйи хиёнат ба Ватан, ба модари худ намегузорад.

Раъно СОЛИЕВА,
нотариуси далатии идораи
нотариалии ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh