ХОИНОНАНД ҲНИТ-ЧИЁН!

Соли 1991 ҲНИТ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш рӯи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода, боиси марги чанд тан бегуноҳон гардиданд. Аммо, нақшаҳои тарҳрезинамудаи онҳо амалӣ нагардид. Ҳама барбод рафт.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад».

Дар ҳақиқат, имрӯз ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, аъзову пайравони он ҳатто оддитарин меҳру шафқат ва арзишҳои инсониро поймол карда, бо истифода аз номи дини мубини ислом бар зидди дин ҷанг эълон кардаанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд.

Аммо саркардагону масъулини онҳо ҳанӯз ҳам шиори «охирин умеди ин умедворон зинда бод»-ро сармашқи кори худ қарор дода, дар хориҷи кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоранд, ки ба онҳо барои идома додани фаъолият иҷозат диҳанд. Гузашта аз ин, онҳо аз минбарҳои сомонаҳои гуногуни олам садо баланд, мекунанд, ки дар ҳаққи аъзои ин ҳизби мамнӯъ дар кишвар, ки бо ҷурми гуноҳҳои кардаашон пушти панҷара нишастаанд, ҷабру ситам мекунанд. Ба андешаи онҳо имрӯз низоми демократӣ дар кишвар пас аз манъ намудани ҲНИТ тамоман аз байн рафтааст. Гӯё вуҷуд доштани ҳизби онҳо ҳуқуқу манофеи шаҳрвандонро ҳимоя мекард. Аммо, ба назари банда ва шояд ин фикри чандин ҳазор низ бошад, аз вуҷуд доштани ҲНИТ ва фаъолияти «пурсамари» онҳо касе дар кишвар огоҳии комил надошт.  Будани ҳизб танҳо дар арафаҳои интихоботӣ маълум мешуду бечора ҳизбиён ба хотири ба курсии вакили нишастани ду ё се намояндаҳои худ дурӯғу рост ваъдаҳои болохонадор медоданд.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бештари мардум гумон дошт, ки онҳо гуноҳҳои содирнамудаи худро дарк намудаву аз ин ба баъд дар паи ободии вайроннамудаи худ мебошанд. Вале, тавре ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 нишон дод, наҳзатиҳо ҳаргиз оромиву осудагӣ надоштанд. Доимо талош менамуданд, ки бо ҳар роҳу восита ҳокимиятро ба даст оранд. Дар аввал талош намуданд, ки бо роҳи қонунӣ  соҳиби ҳокимият шаванд. Вале, чун ақидаҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ мекарданд, эътимоди мардумро натавонистанд ба даст оранд.

Пас аз хиёнатҳои содиркардаашон дар моҳи сентябри соли 2015 ва аз ҷониби Додгоҳи Олии кишвар созмони террористиву экстремистӣ  эълон намуд,  баъзе аз тарафдорони ин созмони террористӣ барои ҷавоб нагуфтан ба кирдорҳои содиркардаашон дар назди қонун аз кишвар фирор намуда, ғарибиро ҷои зисти худ қарор доданд. Онҳо чун пештара  бо маслиҳату машварати хоҷагони хориҷияшон талош намуда истодаанд, ки ин ҳизби террористӣ аз сари нав фаъолияташро қонунӣ гардонад.

Дар расонаҳо имрӯз аз таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин Анҷуман на озодандешон ҳастанд, балки хоинону ватанфурушон ҳастанд. Ин як бозии хом аст. Бо таъсиси ин гурӯҳ онҳо боз ягон нақшаи пуч доранд. Онро хоинону ватанфурушон таъсис додаанд. Маҳз Кабирӣ супориши хоҷагонашро амалӣ месозад. Инчунин онҳо сомонаи ozodandishon.org ки бо хабарҳои ивғоангезонаи худро паҳн мекунанд, фаъол гардид. Мо зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд.

Каримов А.А. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh