ҲНИТ – ҲАМСАФ ВА ҲАММАСЛАКИ ДИИШ

Мувофиқи гузориши хабарнигори «Ховар», ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор  додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби ҲНИТ ташкил ёфтааст.  

Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70- уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои Шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар Аврупо қарор доранд, эмин намонданд.

Навъи дигари аъзои назҳатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро “ҷанговари наҳзат” ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷиноятгор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад.

Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар ҲНИТ буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари нахзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд.

Асоси ақидаи ДИИШ ва ҲНИТ ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби «Маолим ала Тариқ» ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма нерӯи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани «Давлати исломӣ» буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол ин ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое, ки зери нуфузи онҳо Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.

Мирзоева Д.Д.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh