ҶИНОЯТҲОИ ВАҲШИЁНАИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Муқоисаи фаъолияти аъзои ДИИШ ва Ҳизби наҳзати ислом, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба акли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро, дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзоҳои ин ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда дар намози ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибӣ дар дохили ҳарду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99 дар сади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абӯҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзои ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум паҳн намоянд.

Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали ҲНИТ ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда дар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардидааст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуаян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.

Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов, яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии ҳизб ба шумор меравад. Ӯ ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард.

Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби назҳат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори «Ҷиҳоди дар роҳи Худо» бар зидди ҳукуматхои «кофир» дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои «Баҳори араб» низ истифода бурданд.

Дар аввал, шумораи зиёди аъзои наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин «подоши некӣ»-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кӯмакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе ба номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби наҳзат пеш мебурд. 

Хулоса байни ду гурӯҳи террористӣ – Наҳзат ва ДИИШ – дар робита ба кӯмакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзои ҲНИТ дар сафи ташкилоти террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Гурӯҳи дигари онҳо таҳти парчами «Чабҳат-ун Нусра», «Лашкари озоди Сурия», ва «Ҳаракати ислоии Ӯзбекистон» ҷангида истодаанд.

Мирзоева Д.Д.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh