ИФРОТГАРОИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Чуноне, ки иттилоъ дорем аз ВАО дар аксари давлатҳои пешқадами ҷаҳон таркишҳои мудҳиши террористӣ ва ифротгароӣ ба амал омада истодааст. Амали гурӯҳҳои ваҳшиёнаи зиддиинсоние, ки ба ном “Давлати исломӣ” баромад мекунанд,  ба амнияту тинҷии мардуми ҷаҳон халал ворид месозанд.

Ба инсони оқил зарурати кунҷковие нест, ки ин ё он фарди ҷомеа пайрави кадом дин аст. Дар кадом дине, ки набошад, кадом миллат ё нажоде набошад, бояд муносибатҳои инсонгарориро дар мадди аввал гузорад. Аъзоёни дигари ҷомеаро эҳтиром намуда, ҳуқуқи озодиҳои онҳоро боло гузорад.

Ягон дине дар ҷаҳон нест, ки инсонро ба зӯроварию ваҳшоният, гаровгонгирию одамкушӣ даъват намояд. Вазифаи ҳар як дин  мардумро ба тиниҷию осоиштагӣ тарғибу ташвиқ намудан аст. Дини пок пайравони худро ба дӯстию рафоқат, меҳру меҳаббат далолат намуда, онҳоро аз амалҳои бади инсонӣ боз медоранд.

Мо, дар кишвари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар зери парчами дурахшони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем. Хушбахтона, имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрвандон нисбат ба дину мазҳаб ва озодии виҷдон ягон монеа вуҷуд надорад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми ватанамон мебошад. Баъди соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон, муносибат ба дин ранги дигарро гирифт. Дар сар то сари ҷумҳурӣ дари масҷиду мадрасаҳо боз гардида, сафари ҳамватанонамон ба зиёрати хонаи Худо оғоз ёфт. Дини мубини Ислом чун манбаи ростӣ, покизагӣ, накўкорӣ, меҳнатдўстӣ, инсондўстӣ, ҳидоятгари роҳи рост мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҲНИТ ба ин имконияту шароитҳои мавҷуда нигоҳ накарда худро ҳомии дину мазҳаб метарошид. Лек мақсади онҳо дигар буд.

Мо, бар зидди фаъолияти ташкилотҳои динӣ нестем.

Аммо пўшида нест, ки мақсади асосии ҳизб - ба даст овардан ва истифодаи ҳокимияти сиёсӣ аст. Пас, ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИТ низ  ташкили «Давлати исломӣ» аст, ки бар хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз тарафи дигар, маҳз дар давлатҳои динӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Куввайт, Ливия, Уммон, Эрон, Ватикан ва ғайраҳо ташкили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки характери сиёсӣ дорад, қонунан манъ аст. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки худи дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад.

Пас чаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Наҳзати ислом ҳизби сиёсӣ фаъолият мебурд. Магар ин бар зидди арзишҳои исломӣ нест? Барои чи дар сурати доштани имконият кўшиши тағйири номи худро накарданд?

Шояд агар аз номи поки ислом баромад накунанд, касе андешаҳои носолими онҳоро ҳатто гўш ҳам намекард. Чаро аъзоёни он байни ҷавонон андешаҳои ҳақиқии исломро тарғиб наменамоянду мафкураи ифротии хешро ташвиқ менамоянд. Ин саволҳо беҷавоб боқӣ монданд. Роҳбарону пешвоёни ТЭТ ҲНИТ ба ин суолҳо посухи мушаххас намедоданд ва аз ҷавоби рӯи рост мегурехтанд.

Хушбахтона фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ манъ гардид. Аз ин лиҳоз мо аҳли ҷомеа бояд, ҷавонони замони истиқлолиятро ба сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ тарғибу ташвиқ намоем. Ватани азизамонро боз ҳам зеботару гул – гул шукуфон намоем.

Мирсаидов С.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh