МАВҚЕИ ТЭТ ҲНИТ БАР ЗИДДИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТӢ

Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар арсаи байналхалқӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ин дастовардҳои кишварро гурўҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёда аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба ҳукумати имрўза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором созанд. Дар сари он ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни ғафлатзадааш меистад.

Нақши шахс дар таърих аз мавзӯъҳои басо ҷолиб ва мураккаби илми ҷомеашиносӣ аст. Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд. Рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат дар таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Ин аст, ки пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ин фазилатҳои мардии пешвои даврони худро мо дида истодааем.

Пешвои миллат ҳамчун кафили адолат, қонуният ва тартибот бо ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баромад менамоянд. Миллати тоҷик дар марҳилаи басо ҳассоси таърих симои пешвои худро дар шахсияте дид, ки ӯ аз қалби мардум бархост ва бо садоқати беназир ба халқ ва ба ин марзу бум дар замони бениҳоят мураккаби гузариш рисолати пурмасъулиятро ба дӯш гирифтааст. Аз ин лиҳоз, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба тавсиб расид.

Мо аҳли ҷамоатчигии кишвар аз ТЭТ ҲНИТ, ҳамчоя талаб дорем, ки ба фаъолияти давлате, ки манфиатҳои худро баҳри ободии халқ ва дар сулҳу салоҳ зиндагӣ доштани шаҳрвандони худ, равона карда истодааст халал ворид насозанд. Мардуми кишвари Тоҷикистон боз аз нав сохти иҷтимоӣ ва сиёсиро дигар кардан намехоҳад, чунки дар азнавбунёдкунӣ боз табаддулот мехоҳад. Дар ин ҷода боз мардуми азияткашида дар азоб мемонад. Боз ҷангу ҷидол ва низову зиддият ба ҳеҷ кас лозим нест. Аз ин сабаб ба кулли аъзоёну ҷонибдороне, ки  ин ҳизбро дастгирӣ мекунанд, аввал аз ёди мардум кунед, то ба коре даст бизанед!

Манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳии худ боло нагузоранд. Баҳри ободии ин давлат ва ин миллат камари ҳиммат бубанданд.

Мирсаидов С.А.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh