БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ

Дар олами муосир дин ва иттиҳодияҳои динӣ дар равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири фаъол мерасонанд. Табиати динии кишварҳо метавонад, муносибати байни давлатҳоро ба пояи нав барорад.

Инро дар мисоли фаъолияти пурсамари Асосгузори сулху вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон дид. Пешвои муаззами миллати мо дар Маккаву Мадина ва чандин анҷуману конференсияҳои байналмилалӣ аз номи дини мубини Ислом баромад намуда, онро ҳимоят намуданд, ки боиси масъулиятшиносии ҳарчи бештари ходимон ва масъулони дин гардидааст.

Иттиходияҳои динии кишвар бештар дар фикри манфиатҳои миллӣ бошанд, ки он дар ниҳояти кор воситаи муҳиме мегардад дар мустаҳкамшавии сиёсати кишвар. Имрўз масъулияти зиёд бар дўши ходимони дин вогузошта шудааст. Мавриди пайдо шудани аломатҳои ихтилофӣ бояд чораҷўӣ намоянд. Онхо дар эътиқод ва пайравӣ кардан ба Қуръону ҳадис ва мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба дигарон намунаи ибрат бошанд.

Мусаллам аст, ки ихтилофоти ба вуҷудомада ва иллатҳои он мавриди омўзиш ва натиҷагирӣ қарор дорад. Зеро  аз таълимоти аҳкоми шариат ва илми фиқх дур будани ҷавонон ва ворид шудани китобҳои нав, ки бемазҳабӣ ё мазҳаби ғайриҳанафиро талқин мекунанд, боиси ба вуҷуд омадани ақидаҳои ботил мегарданд. Ба хамагон маълум аст, ки имруз хар як имоми масчид  музди мехнати худро мегирад. Ин нишон аз ғамхориҳои давлати имруза мебошад. Бояд муллоҳои муҳтарами мо зиракии сиёсии худро аз даст надиханд. Нагузоранд, ки акидахои носолим миёни ҷомеаи солим ворид гарданд. Ношукрии ин миллати куҳанбунёд нанамоянд ва мардумро дар руҳияи маҳзаби ҳанафия тарбия намоянд.

Хулоса, ба он нафароне, ки аз беруна истода даъвои Ватану ватандорӣ мекунанд мегўем: агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед. Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.

Санавваров Ғ.Б.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh