ТОҶИКИСТОН БА «ХИЗМАТ»-ҲОИ ШУМО НАҲЗАТИЁН НИЁЗ НАДОРАД!

ТЭТ ҲНИТ аз рӯзхои аввали таъсисёбӣ амалу ҳаракатҳои зиддидавлатии худро пеш гирифт. Дар табаддулотҳои сиёсии кишварҳои исломӣ  беш аз пеш нақши ҳаракати  гурўҳҳои ифротгароии динӣ назаррас  аст. Ташвиқоту тарғиботи гурўҳи сиёсии онхо на ба дин, на ба дунё арзиш дорад. ТЭТ ҲНИТ низ мехост бо амалҳои номатлуби худ вазъи сиёсии моро  халалдор созад, вале ба максади худ нарасид. Имрӯзҳо фаъолияти  ин ҳизби сиёсӣ дар Ҷумхурии Точикистон қатъ гардида бошад ҳам, вале Мухиддин Кабирӣ   бо даъвоҳои бемаънии худ мехохад, вазъи ороми кишварро вайрон созад.

Барномаҳои хар  як ҳизб он вақт амалӣ мегардад, ки ин ҳизб аз дастгирии мардум бархурдор бошад, вале ҲНИТ бо манманӣ  машғул гашта, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намуд. Имрӯзҳо роҳбарони ҲНИТ худро бегуноҳ ҳисобида,  ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, ба  СММ ва мамлакатҳои кафили сулҳ дар Тоҷикистон номаҳои шикоятӣ пешкаш намуда,  худро  сафед карданӣ хастанд.

Кабирӣ бо даъвоҳои беасос, вазъи ногувори озодии баён ва эътиқоди диниро дар мамлакат  дар ҳоли бад баҳо дода, фаъолияти бомароми давлату ҳукуматро зери шубҳа қарор додааст, ки чунин баҳогузории ӯ комилан хатост. Ӯ  дар мусоҳибаҳои пештара низ интихоботи солҳои пешинаро интихоботи сохта ва муғризона унвон карда, надоштани вакилонашро дар маҷлисҳои маҳаллӣ гӯшрас карда буд. Аммо, ба андешаи мо, нагузаштани вакилони ҲНИТ аз он шаҳодат  медиҳад, ки ба ин гуна нафарони зархарид мардум эътимоду боварӣ надоранд. Дар асл наҳзатиён бо 20-30 шарҳҳое, ки дар васоити ахбори омма гуфта мешавад, гӯё тарафдорони онҳо ҳастанд, гумон мекунанд, ки дар ҷомеа аъзо ва пайравони зиёд доранд. Воқеияти ҳол он аст, ки мардум аз динбозию сиёсатбозиҳои пасипардагии онҳо хаста шудаанд ва ба ваъдаҳои «болохонадор»-и онҳо гӯш карданӣ ҳам нестанд.

Боиси нигаронист ин дарде, ки кишварҳои Шарқи Наздик имрўз ба он  дучор гардидаанд, ба тамоми халқҳои сайёраи замин бетаъсир намондааст, Тоҷикистони мо низ истисно нест. Ҳодисаи  нангине, ки дар аввали моҳи  сентябри соли 2015 туфайли  даст ба ҷинояти зидди давлат ва миллат  задани  гуруҳи  мусаллаҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода дар мамлакат рух дод, гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин ҳодиса нишон дод, ки гурўҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки тинҷию оромии кишвар ва мардум барояшон арзише надорад. Онҳо тайёранд аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастии иддае аз мардум истифода карда, суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд ва соҳиби мансаб ва молу мулки ҳангуфт шаванд.

Онҳо дарк намекунанд, ки гирифтори фиреби бузург гашта, дар натиҷа бо дасти худ ватани худро хароб, мардуми худро бадбахт ва фарзандони мардуми худро хору залил менамоянд. Қудрати ин таблиғот то ҷое бузург аст, ки ҷавонони пайрави гурӯҳи ифротӣ, гоҳо содалавҳона гумон мекунанд, ки машғули ҷиҳод мебошанд ва дар ин роҳ шаҳид мешаванд. Магар ҷанг бар зидди мардуми мусалмон ҷиҳод аст, ё кушта шудан дар роҳи манфиатҳои қудратҳои бегона шаҳид шудан аст? Ҳаргиз не! Ин ҷавонони фиребхӯрда гумроҳону ҷавонмардоне мебошанд,  ки мубориза ва марги онҳо назди Худо ва назди башар қадр ва арзише надорад.

Ин бадбахтон амалхои нобакоронаашонро ниқоби исломӣ мепушонанд ва гўё манфиатҳои исломро пушибонӣ мекунанд, лекин дар асл онҳо ҳадафҳои нопокашонро ба ин васила амалӣ кардан мехоњанд. Ислом дини пок буда, муқобили ҳама ихтилофот, куштор, ғорат, террор ва дигар амалҳои нопок аст. Шахсе, ки воқеан аз ислом хабар дорад, умуман, амалҳои бадбахтонаи онҳоро маҳкум менамояд. Мутаассифона имрўз баъзан афрод фирефтаи аќидањои ин номардон мешаванд ва дар ду дунё худро шарманда месозанд.

Каримов А.А. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh