ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Аввалин бор дар таърихи ҳуқуқи байналмилалии муосир ҳуҷҷати умум дар бораи мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1937 қабул гардида буд. Аммо муоҳида, ки  аз тарафи Лигаи Миллатҳо дар бораи пешгирии терроризм ва ҷазо барои содир намудани он, кор карда шуда буд, қувваи қонунӣ пайдо накард.

Минбаъд созишномаҳо доир ба мубориза бо терроризм ва экстремизм аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва қабул гардид. Ҳоло дар доираи СММ 16 созишномаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ доир ба мубориза бо терроризм қабул гардида, ҳамаи онҳо дар ҷодаи ҳуқуқи байналмилалӣ амал менамоянд. 

  Аз ҷумлаи онҳо:

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Доир ба мубориза бо ғасби гаравгонон» аз соли 1979;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ҷиноятҳо ва дигар амалҳои дар дохили киштиҳои ҳавоӣ содир мешавад» (муоҳидаи Токио) аз соли 1963;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ» аз соли 1970;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи амалҳои ғайриқонунии нисбати авиатсияи гражданӣ равона гардидааст» (Муоҳидаи Монреалӣ) аз соли 1971;

-Муоҳидаи байнамилалӣ «Доир ба мубориза бо терроризми истифодабарандаи мушакҳои тарканда» аз соли 1997;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Оид ба терроризми молиявӣ» аз соли 1999;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Оид ба амалҳои терроризми атомӣ» аз соли 2005;

-Муоҳидаи байналмилалӣ «Дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ ва пешкаш намудани ҷинояткорон бо мақсади мубориза бо терроризм» аз соли 2008;

-Эъломия дар бораи чораҳои бартараф намудани терроризми байналмилалӣ аз соли 1994;

-Эъломия дар бораи кўшишҳои умум дар кори мубориза бо терроризм аз соли 2001;

-Эъломия доир ба масъалаҳои мубориза бо терроризм аз соли 2003.

  Илова бар ин дар доираи СММ соли 2006 таҳти № 60/288 Стратегияи байналмилалии зиддитеррористӣ қабул карда шудааст.

Барои муқовимат ба терроризм инчунин якчанд резолютсияҳои (қарорҳои) Шўрои амнияти СММ бахшида шудааст. Байни ҳама резолютсияҳо мақоми марказиро қарори №1373 аз 28 сентябри соли 2001 ишғол менамояд. Сабаби чунин баҳодиҳӣ ба ин резолютсия дар он аст, ки резолютсияи мазкур тибқи моддаи  7 Оинномаи СММ қабул гардидааст ва ин ҳолат аҳамияти қарорро нисбати ҳамаи давлатҳо ҳатмӣ мегардонад. Инчунин қарори мазкур нисбати давлатҳо мубодилаи ахборотро доир ба масъалаи мубориза  бо терроризмро ҳатмӣ менамояд. Резолютсия нисбати ҳамаи мамлакатҳо ўҳдадории ҳар чӣ қадар тезтар эътирофи расмии (ратификатсияи) муоҳидаҳои аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидаро вогузор мекунад. Илова бар ин қайд шуда буд, ки ҳамаи давлатҳо бояд дар қонунгузории миллии худ, амали террористиро ба сифати ҷинояти вазнин муқаррар намоянд. Барои назорат аз болои иҷрои резолютсияи номбурда Кумитаи зиддитеррористии Шўрои амнияти СММ ташкил карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре мебошад, ки нишондоди резолютсияи номбурдаи Шўрои амнияти СММ-ро дар амал тадбиқ менамояд. Мамлакати мо дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гардонидааст, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро  Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад. Консепсияи мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

 Илова бар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуда, яке аз аввалинҳо шуда доири ин мавзӯъ суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки Созмони Милали Муттаҳид – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ, вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд. Сарвари давлат аз рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд изҳори нигарони намуда, қайд карданд, ки тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Таъкид ба маврид аст, ки амалҳои ваҳшиёнаи ифротгароӣ бо дини мубини Ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Баръакс онҳо мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи Ислом баромад мекунанд. Мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд. Муборизаи муштарак гарави пешгирии густариши ифротгароист.

Солиев И.М. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh