ҲИФЗИ ВАТАН, ҲИМОЯИ МАНФИАТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ВА КОНСТИТУТСИОНИИ ШАҲРВАНД АСТ

Дар ҳақиқат роҳбари ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ барои халалдор сохтани амнияти миллии Тоҷикистон бо нияти ба даст овардани мақсадҳои ғаразнок тамоми кўшишу нерўи худро сафарбар намуд. Бо назардошти манфиатҳои хоҷагони хориҷии худ амал намуда, ба муқобили амнияти давлати худ, арзишҳои милливу фарҳангӣ фаъолият намудан гуноҳи нобахшиданист. Итминони комил дорем, ки мардуми Тоҷикистон кирдорҳои номатлуби наҳзатиёнро  маҳкум намуда, ҳамеша ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст нахоҳад дод.

Гарчанде, ки ҳокимияти конститутсионии кишварамон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барпо ва пойдории сулҳ ба онҳо вазифаҳои давлатиро бовар карданд, вале онҳо аз ин истифода бурда, ба миллату давлати Тоҷикистон хиёнат карданд.

Вақте, ки мардуми хирадманди Тоҷикистон дар интихоботи охирини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ба намояндагони ин ташкилоти хиёнаткор раъйи худро надоданд, онҳо барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ моҳи сентябр ба сохтори конститутсионии Тоҷикистон таҳдид оварда, хуни ноҳақи ҳамватанони азизи кишварамонро резонданд. Хушбахтона, имрўз мақомоти қудратии мо ба ингуна амалҳои номатлуб истодагарӣ карда метавонад ва ин аблаҳонро дар вақти мувофиқ бартараф сохт. Аммо онҳо минбаъд ин амалҳои худро дар хориҷи кишвар идома дода истодаанд. Магар ин хиёнат нест? Мо бояд ҳама вақт ин қабил афродҳоро ба хоки ВАТАН роҳ надиҳем!

Аъзоёни ин ташкилоти ғайриқонунӣ нафарони беақлу бесавод ҳастанд, ки барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ, яъне соҳиби молу чиз шудан аз «хоҷагони хориҷии худ», ба ВАТАНИ худашон хиёнат мекунанд.  Фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравонаш ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Халқи тоҷик  намехоҳад марзу буми Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад. Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии давлатҳои дар боло зикршуда, ки гўё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рўзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл маълум аст, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ кӣ ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад? Барои “мухолифон” ҳам ин пўшида нест…

Барои ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст меоранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

Баъд аз кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби ташкилоти экстремистӣ ва терроистии ҲНИТ бобати аъмоли нопоки асосгузорон, роҳбарият ва аъзои он зиёд гуфтаанду навиштаанд. Саҳми бориз доштани ин ҳизб дар кўшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби Ҳоҷӣ Ҳалим боис шуд, ки аъмоли нопоки он ба мардум рўнамоӣ шавад. Муътақидам, ки агар наҳзатиҳои террорист шукронаи бахшиш ва имтиёзҳои ба онҳо додашударо риоя карда, фаъолияташонро дар асоси қонунҳои ҷорӣ ба роҳ мемонданд, шояд то ин андоза шармсор намешуданд ва аъмолу аҳдофашон расонаӣ намегардид. Айни замон афкори ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки баъд аз бардоштани парда аз чеҳраи манфури ин ташкилоти террористӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ба ғайр аз нафрат нисбат ба ташкилоти экстремистӣ ва террористии ҲНИТ чизе дигаре надоранд. 

Хеле бамаврид ва қобили қайд аст, ки тағйироту иловаҳое, ки санаи 22 майи соли 2016 ба Конститутсия ворид гардиданд, таъсиси ҳизбҳои сиёсии хусусияти динидоштаро манъ намуданд. Ин муқаррароти меъёрӣ дар ҳақиқат боиси пешгирии ҷудоиандозӣ байни мардуми ҷумҳуриамон мегардад. Чунки дар кишварамон ба ғайр аз пайравони дини мубини ислом, дигар шахсоне, ки андешаашон нисбат ба дин гуногун аст зиндагӣ доранд. Инчунин таъсис ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз хориҷи кишвар манъ карда шуд. Ҳамин тавр, ин тағйиротҳо барои боз ҳам пурзўр гардонидани соҳибихтиёрии давлатамон ва устувор гардонидани пояҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ мусоидат мекунанд, ки аз иродаю хоҳиши мардуми ҷумҳуриамон бармеоянд.

Ватанро дўст доштан, миллатро дўст доштан аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Бобоев А. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh