БО НИДОИ “ХУДОВУ ДИН”

Мутаассифона, имрўз бархе аз мардуми кишвари мо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои ифротӣ гардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд. Масъалаи маърифати динӣ дар ин давра бисёр муҳим ба назар мерасад, зеро баланд бардоштани дониши дурусти динӣ ва дунявии мардум метавонад, омили паст гардидани ҷалби мардум ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав дар ҷомеа гардад.

Боиси афсӯс аст, ки дар барномаҳои ТЭТ ҲНИТ дарки дурусти омўзиши илмҳои динӣ дуруст ба роҳ монда нашуда буд. Онҳо барномаҳои таълимию тарбиявии муттаҳидсозиро барои худ пеша накарда буданд. Яке аз сабабҳои тақсимшавии ҷомеаи мусулмонон дар рўйи олам ин гурўҳсозӣ ва парокандагӣ мебошад.

Имрўз дар ҷомеаи исломӣ  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки дар байни ҷомеа тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ  ва қафомонии мусалмонон аз дунёи пешрафта мегарданд. Ниҳоят ин раванд боиси сар задани ихтилофоти дохилӣ  мегардад.

Аз амалҳои ТЭТ ҲНИТ бармеояд, ки мақсаду мароми ў дар байни мардум тафриқаандозӣ аст. Бо ин кор онҳо тарафдори халалдор шудани зиндагии осоишта ва гумроҳ кардани мардуми Тоҷикистон  мебошад. Оқибати ихтилофот бадбахтист. Ҳамаи мо шоҳиди он  ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои мусулмонишин мардум бо нидои «Худову дин» дар масҷид худро метарконанд. Магар ба қатл расонидани инсони бегуноҳ, пиру ҷавон, кӯдаку наврас  ҷиҳод аст? Магар шахси маргталаб шаҳид мебошад?

Аз нигоҳи шариати исломӣ, мазҳабӣ ва аҳли суннат амали онҳо ҷиҳод набуда, балки худкушӣ аст!

Дини ислом-дини ҷангу худкушӣ нест! Дини ислом дини меҳру муҳаббат, раҳмату шафқат аст. Бинобар ин мо бояд ваҳдати милливу динӣ ва таҳаммулпазириро нигоҳ дорем. Ба қадри тинҷию оромӣ бирасем ва намонем, ки дар байни мардуми шарифи тоҷик ғояҳои номатлуби ифротгароёнаи ТЭТ ҲНИТ ҷорӣ гардад.

Хеле афсўс, ки аъзоёни ҳизби ба ном исломӣ муқаддасоти исломро барои худашон пеша накардаанд. Онҳо дар ҳаёти сиёсии хеш аз номи дини мубини ислом байни мардум лофи беҳуда мезаданд. Худро ва ҳизби худро нигаҳбони дину мазҳаб меҳисобиданд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкидан изҳор медоранд, ки дар атрофи ғояи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби мо муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи аслии давлату Ҳукумат аст. Асос ҳамин ваҳдати миллист. Ваҳдате, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён шиносонид ва ба миллати мо умри дубораи ҳастиро ато намуд. Маҳз ваҳдати миллӣ тухми худшиносиву хештаншиносӣ ва таҳаммулпазириро дар байни ҷомеа кишт намуд. Имрӯз ҳамаи мо – шаҳрвандони мамлакати биҳиштосо мисли гавҳараки чашмони худ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро нигоҳ дорем.

Самадов Б.О. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh