ТЕРРОРИЗМ - ҶАРАЁНИ БАСО ХАТАРНОК!

Тӯли даҳсолаи охир терроризм чун ҷараёни хатарнок ба ҳаёти  ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад. Зеро фаъолияти ин гуна ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Давлату ҳукумат, хоссатан Президенти кишвар ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид кардаанд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ  кишварҳои олам бояд дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд.

Оиди масъалаи мазкур Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: ”Террориства экстремист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад. Дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароӣ ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал    наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем”.

Ин ишора бар он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад. Терроризм бо амалҳои худ амнияти давлатро зери хатар мегузорад.

Миллати тоҷик тӯли ин солҳои истиқлолият хеле хуб дарк намуд, ки террористон чӣ мехоҳанд ва чӣ мақсад доранд. Мунтаҳо ТЭТ ҲНИТ ба созмони террористӣ ва экстримистӣ бадал карда шуда, миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои наваддуми асри ХХ басанда набуд, ки ин гурӯҳ ба ”иқдом”-и навбатӣ даст зад. Амалҳои террористии онҳо ошкор шуд. Ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бар ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ ва дар кишвар давлати исломӣ бунёд намудан будааст. Омилҳои зикршуда назди мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ошкор гардида, сабаби баста шудани ин ҳизб гардид.  Пеш аз ҳама вобаста ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки мардумро ба табаддулоти давлатӣ, ба даст гирифтани яроқи оташфишон, муқовимати мусаллаҳона нисбати мақомотҳои низомӣ ва бо тариқи зӯрӣ сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ иборат буд.

Давлату ҳукумат ва кулли мардуми Тоҷикистон ғаразҳои нопоки гурӯҳҳои террористиро хуб дарк намуданд ва роҳ намедиҳанд, ки ҳаёти осоиштаи ҷомеаро душманон ва бадхоҳони миллат халалдор намоянд.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,  ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро дар навбати худ ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

  Негматова М.М. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh