ТАЪСИРИ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ БА ТАФАККУРИ ҶАВОНОН

Дар замони муосир масъалаи ташвишоваре, ки ҷомеаи моро фарогир аст, ин шомилшавии бархе аз қишри ҷомеа махсусан, ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки бо номи «исломӣ ва динӣ» мебошад. Ба ғайр аз ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳоли ҳозир вазъи оромро боз ҳам норомтар менамояд.

ТЭТ ҲНИТ низ аз қабили чунин ҳизбҳои ифротие ба шумор меравад, ки мехоҳад вазъи ҷомеаи Тоҷикистонро ноором созад.  Аксари мо шоҳиди он ҳастем, ки тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн шудани ҳар гуна гуфторҳои иғвоангезонаи аъзоёну роҳабарияти ҲНИТ моро ба ташвиш андохтааст. Онҳо аз хориҷи мамлакат истода  даъвои ватандӯстиву ватанхоҳӣ карда, давлату ҳукуматро бо айбҳои сохтаву бофтаи худ танқид мекунанд. Мо зидди танқид нестем, лек танқиди онҳо объективӣ набуда, характери субъективӣ дорад. Ин гуруҳ аслан, гуруҳи дурӯғгӯёну фиребгарон ҳастанд. Чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳабу меҳани худро барои пулу сарвати чанд тангаи хоҷагони хеш фурӯхтаанд. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна шахсиятхои бенангу номус на миллат доранду на мазхабу на ватан ва шахсиятҳои ифлоскунандаи  ҷомеаи тоҷик мебошанд.

Амалиётҳои ғайриқонунии онҳо, бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон, аз байн бурдани ваҳдат ва якпорчагии давлат, барпо кардани давлати Исломӣ ба ҳисоб рафта, бо ин ҳам онҳо қаноат накарда, сарзмини моро ба хоҷагонашон туҳфа карданӣ буданд.

ТЭТ ҲНИТ арзишҳои диниву мазҳабиро истифода бурда, амалиётҳои экстремистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапўш карда, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷанги бародаркуш  даъват мекарданд.

Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург мебошад. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода,  дар натиҷа мутаассифона фалаҷ месозанд. 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Миллате, ки насли ҷавонаш дар гирдоби ҷурму табоҳӣ дасту по мезанад, бешак кулли орзуҳояш ба боди фано хоҳанд рафт.

Бинобар ин, ҳар фарди соҳибҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон вазифадоранд, ки маърифати худро баланд бардоранд. Ҷавонони мо фирефтаи мафкураи наҳзатизм ва ифротсозии равандҳои динӣ – идеологӣ, ҳадафҳои аслии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ нагарданд. Барои нигоҳ доштани шуури миллӣ бояд аҳли ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Ҷавонон бояд ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошанд ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватани биҳиштосои хеш буда, баҳри ободии диёри азизамон саъйю талош намоянд.

Зокирова Ш.М. – устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh