ҲУШЁРИВУ ЗИРАКИИ СИЁСӢ АСЛИҲАЕСТ БАР МУҚОБИЛИ ИФРОТГАРОӢ!

ТЭТ ҲНИТ, ки соли 2015 бо қарори Додгоҳи Олии мамлакат ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардид ва фаъолияти он қатъ гардонида шуд. Аммо ин гуруҳи ҷиноӣ фаъолияти пасипардагии худро бо роҳнамоӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ идома дода, мехоҳад дар Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилонаи хоҷагони худ саҳм гузорад.

Баҳри ин амали зархариди худ аз онҳо пулҳои ҳангуфтро гирад. Онҳо пулҳои гирифтаи худро бо номи “ёрии башардӯстон”, “ёрии бародарона”, “дастгирии уммати мусалмонон”, “табобатпулӣ” ва ё мисли ҳамин гуна шиорҳо руйпӯш менамоянд. Лек дар асл чизи дигар аст. Ин пулҳо баҳри ба хун оғушта кардани тоҷик ва тоҷикистониён гирифта шудааст. Лек онҳо як чизро намефаҳманд, ки нақшаи онҳо ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Таърих ҳеҷ гоҳ хиёнаткориҳои чунин ташкилоти ифротӣ ва фарзандони нохалафи миллатро нахоҳад бахшид. Амалҳои нангини наҳзатиён бо роҳбарии Нурӣ, Ҳимматзода, Давлат Усмон  ва иддае аз чаласаводони зархарид, ки мусалмониро танҳо бо доштани ришу ба бар намудани яктаҳи сафед ва ё сиёҳ дарк мекарданд, ҳеҷгоҳ фаромӯш намешавад. Ҳамин афрод  дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро ба мотамкада табдил дода буданд. Ин нохалафон бо дастури хоҷагони хориҷии хеш даст ба оташ задани меҳани худ зада, кишвари тозаистиқлолро ба гирдоби ҷангу иғво кашониданд. Дар қалби мардум тарсу ваҳм ва ваҳшониятро бор карда, моликияти онҳоро зӯран соҳиб шуданд. Амалҳои ноҷавонмандонаро дар ҳудуди Тоҷикистон содир намуда, мисли “мусичаи бегуноҳ” дар паноҳи хоҷагонашон панаҳ бурданд. Он замон Нурӣ ва ҳамроҳони хоинаш бо супориши хоҷагони хориҷиашон барои ошкор нагардидани асрори пуштибонии онҳо аз ҳудуди Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯч бастанд.

Ҳамагон медонем, ки хисороти ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ буда, ба ғайри он зиёда 150 ҳазор нафар ҳалок ва 1 миллион нафар шаҳрвандони мо муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Ин ҳама  мусибат дар Тоҷикистони азиз буд. Хушбахтона, ақли солим ғалаба кард. Бо барқарор шудани вазъи солими сиёсӣ дар мамлакат ва ғалаба намудани сулҳи миллат, бо роҳбарии Пешвои маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба андешаву ниятҳои аҳримании гурӯҳҳои тахрибкори наҳзатӣ, барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон баъдан маълум гардид, ки пуштибонии асосии ҲНИТ кӣ будааст.

Дар телевизиони Тоҷикистон намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ оиди кӣ ва ба чӣ корҳо машғул будани пуштибонони ҲНИТ ва ваҳшонияти ҲНИТ ошкор гардид. Маҳз барои куштани шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба наҳзат хоҷагони хориҷиаш чӣ супоришҳо медодааст. Ҳамзамон, пас аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бори аввал дар сатҳи давлатӣ роҳбарияти давлатҳои хоҷагони пасипардагии онҳо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ва дигар аъзоёни фаъоли онро ба пазируфта, ба онҳо ҷои зисту зиндагонӣ муҳайё намуданд.

Аз ин рӯ, бешак маълум мегардад, ки чамбараки дасти Кабирӣ ва наҳзаташба дасти хоҷагони хориҷиаш буда, майли наҳзатро хоҷагонаш ба кадом самте, ки хоҳанд равон месозанд. Бо дарки ин нукта, бояд таъкид намоем, ки наҳзати наҳс аз ҷониби хоҷагонаш идора шуда, пурра бар зидди арзишҳои миллӣ ва давлатии кишвари Тоҷикистон равона гардидааст.

Моро зарур аст, ки дар мубориза бо наҳзат ва дигар созмону гурӯҳҳои тундраву ифротии тозатаъсис, ки ҳамагӣ фарзандони наҳзат мебошанд зираку ҳушёр буда, ба густариши ақидаи онҳо дар ҷомеаи худ  ба ин нохалафон роҳ надиҳем.

Зеро ингуна хоинони Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад!

Қурбонов Ҳ.

Add comment


Security code
Refresh