ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Вазифаи пуршарафи ҳар яки мо дар замони муосир аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлолияти давлатиро мустаҳкам нигоҳ дорем, ин дастоварди бузурги миллиамонро қадрдонӣ кунем, барои ривоҷу равнақ, пешравӣ ва шукуфонии кишвари азизамон Тоҷикистон, бо меҳнати софдилона ва содиқона, баҳри обрўю миллату Ватани азизамон сайъу талош намоем.

Роҳбари давлат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фарҳанги миллӣ дар байни ҷавонон ва наврасон  таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, хеле бамаврид иброз кардаанд, ки раванди маърифати  сиёсӣ моро водор месозад, ки ҷавонон бояд ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва  минтақаҳои  мухталифи олам  ба вуқўъ меоянд,  баҳои воқеӣ дода тавонанд, мавқеи худ ва манфиати ватанамонро дар ҳама соҳа ҳимоя ва дастовардҳои даврони исиқлолиятро муаррифӣ ва ғанӣ намоянд.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ифродгароӣ ва коррупсия мебошанд. Таъмини мубори¬за бар зидди терроризм ва эк¬стремизм (ифротгароӣ) мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубо¬риза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зид¬ди экстремизм (ифротгароӣ)», Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва нақшаҳои идоравӣ дар ин соҳа ба роҳ монда шудааст. Тибқи созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида истодааст, ки дар ҳудуди худ ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ), ки муқобили манфиатҳои давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба тер¬рористон паноҳгоҳ, фароҳам наорад,  низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм ва экстре¬мизм (ифротгароӣ) таъсис дод ва таблиғоти террористӣ ва экстремистиро (ифротгароиро) бо роҳу услубҳои ҳам ҳуқуқӣ  ва ҳам бо тарзу воситаҳои пешқадами иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ пешгирӣ карда истодааст. Лекин, имрўз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки  ба хилофи ҳаёти осоишта ва босубот аст, аз байн нарафтааст.

 Аз ин лиҳоз, аз ҷониби мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва ҳокимияти судӣ, сохторҳои бевоситаи муқовимат бар зидди терро-ризм ва экстремизм (ифротгароӣ), дигар воҳидҳои дар му¬бориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иштироккунанда, мақомоти худидораи маҳаллӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани тадбирҳои фаврии хусусияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ зарур ва ногузир аст, ки барои таъми¬ни амнияти  ҳар шахс, ҷомеа ва давлат равона гарданд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуда, ба механизмҳои байнидавлатии ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстре¬мизми (ифротгароӣ) байнал¬милалӣ шомил шудаанд, то ки ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маво¬ди тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳо аз хориҷа ба таври эътимоднок баста шаванд. Дар кишвари мо зидди ин зуҳуротҳои хавфноки номатлуб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол  чораҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои мусбат ба даст омада бошанд, ҳам вале то ба ҳол чораҳои андешидашуда, кофӣ нестанд. Фаъолият дар соҳаи муқовимат зидди ҷинояткорӣ ба мусоидат ва ҳамкории тамоми табақаҳои ҷомеа ниёз дорад, зеро ифродгароӣ ва коррупсия ба пояи давлатдории мо зарба зада, ахлоқи ҷомеа, махсусан ҷавононро коҳиш медиҳад.

Барои  тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, масъулиятшиносӣ ва  пешгирии ҷинояткорӣ байни онҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки дар ҳар маҳал, деҳа, ҷамоат,  ноҳияву шаҳр сабабҳои низоъи иҷтимоӣ муайян ва бартараф карда шаванд. Муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки дар замони муосир дар ахбороти воситаҳои иттилоотӣ яке аз сабабҳои барангезандаи низоъ ҷой дорад. Чунки паҳн гаштани маводи хусусияти зўроварӣ ва бераҳмии махсус дошта, ба тафаккури  ҷавонон  бетаъсир намемонад, ки  дар оқибат онҳо барои ҳалли муноқишаҳои иҷтимоӣ  дар шакли зўроварӣ бештар истифода мешаванд. Ин  гуна муҳит барои ҷалб шудани ҷавонон ба ҳар гуна гурўҳҳои зидди иҷтимоӣ ва экстремистӣ (бетартибиҳои иҷтимоӣ, муноқишаҳо, содир намудани ҷиноятҳои зўроварӣ) шароити ба вуҷуд меорад. Бештари ҷавонони муосир имрўз дар сатҳи пасти дониши маънавию сиёсӣ қарор доранд ва ба назарияи экстремистӣ бо зудӣ бовар мекунанд. Бо ин сабабҳо «падидаҳои нафрату зўроварӣ  дар вуҷуди онҳо ҷузъи ё қоидаи маънавии ботинӣ»  мегардад. Ба монанди миллатчигӣ, маҳалгароӣ, сепаратизм, экстремизм, баъзан ақидаҳои хаёлӣ, ки дар ақидаҳои гурўҳҳои нав ба вуҷуд меояд, аз ҷумла дар ташвиқу тағриботи динҳои ғайрианъанавӣ. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамин борҳо қайд кардаанд, ки ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо - ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва  ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он, дар интиҳо шахсро ба  инкори ҳақиқати воқеӣ, тамаддуни миллӣ, бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Раҳматуллоев А.Э.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh