ДАРОМАДҲОИ ПАСИПАРДАГИИ МУФТИ ТЭТ ҲНИТ ВА МУҲИДДИН КАБИРӢ

Агар ба фаъолияти роҳбари ТЭТ ҲНИТ террористи №1 Муҳиддин Кабирӣ назар афканем, ӯ танҳо роҳи пулкоркунии бедардимиёнро пеша намудааст. Барои бо ном ғанӣ гардонидани буҷаи ҳизб, ки ба ғайр аз аъзоҳаққӣ ҷамъкунӣ, боз чандин самтҳои дигари пулкоркунии Кабирӣ мавҷуд будааст:

1. Аз ҳисоби аъзоёни ҳизб, бахусус собиқадорону занон гурӯҳҳои дуохону фолбинҳоро пинҳонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар таъсис дода, маблағҳои ба даст меовардаи онҳоро ҷамъоварӣ карда мегирифт.

2. Аъзоёни пиронсоле, ки мушкилоти беморӣ ва равонӣ доштанд, онҳоро ба гадоӣ даъват намуда, бо онҳо тавофуқ намуда, қисми зиёди маблағҳои онҳоро бо роҳи зӯрӣ ҷамъоварӣ мекард.

3. Бо баҳонаи кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону бепарасторон аз хоҷагони хориҷӣ маблағҳои зиёдеро ба даст меовард.

4. Худи Кабирӣ ва муовинонашу аъзои фаъоли Раёсати Олии ҳизби наҳзат ба назди шахсиятҳои маъруф ва роҳбарони ин ё он мақомоти давлативу ҷамъиятӣ рафта, аксу наворҳои оилаҳои ниёзманд, ятим, бемор ва маъюбро ба онҳо нишон дода, бо баҳонаи табобати онҳо ва ҳалли мушкилоташон ҳамчун хайрия маблағҳои зиёде ба даст меоварданд.

5. Ба хотири баргузории чорабиниҳои умумиҷумҳуриявии ҳизб Кабирӣ мунтазам аз масъулини ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо маблағҳо талаб менамуд.

Шояд роҳҳои дигари маблағҷамъкунии Муҳиддин Кабирӣ бисёртар бошад, аммо то ба ҳол ба мо дастрас нест.

Пас инҷо суоле ба миён меояд, ки ҳамаи ин пулҳоро Кабирӣ барои чӣ ҷамъ кард? Ҷавоб оддист. Яъне Муҳиддин Кабирӣ яқинан бовар дошт, ки рӯзе дар Тоҷикистон табаддулот хоҳад кард ва ба хотири рӯзи мабодо пинҳонӣ бо маблағҳои муфти бадастовардааш аз кишварҳои хориҷӣ ҳавлии гаронбаҳо харидорӣ намуда, хешу ақрабо ва зану фарзандонашро ба онҷо сафарбар мекарда  буд.

ТЭТ ҲНИТ соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шуда, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ бо қарори Суди Олии кишвар бинобар даст доштан дар амалиётҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияташро манъ намуд. Соли 1999 пас аз расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба фаъолияти ин ҳизб  дубора иҷозат дода шуд. Барои баргузидани наҳзатиҳо тариқи 30 фоиза ба мақомҳои роҳбарикунанда имтиёз дода шуд. Зеро он ҳангом наҳзатиёни гумроҳро чашмашонро хуну пул ва ҷоҳу мансаб гирифта буд ва эҳтимоли аз дасти онҳо дигарбора сар задани амалҳои разилона вуҷуд дошт.

Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолии кишвар, ки чандин маротиба Кабирӣ аз рафтори ноҷоя ва хилофи фармудаҳои Худову Расул ва ҳамзамон хилофи қонунгузории мамлакат  огаҳ гардонида шуда буд, боз ҳам дидаю дониста ин кирдори хешро идома бахшид. Яъне Кабирӣ, ки нуфузаш байни аъзову пайравони ҳизбаш паст гардида буд ва қудрати ҷуброни он маблағҳову ваъдаҳояшро надошт барқасдона амалҳои разилонаашро идома дода, ба ин васила бори дигар наҳзатиёни гумроҳро фиреб кард. Ҳоло ҳам дар таҳи қаноти хоҷагонаш ҷайби наҳзатиёнро бо ваъдаҳои пучи худ пур карда, хонаи онҳоро бо дасти худашон оташ зада истодааст. Аммо ин бероҳашудагони гумроҳ ҳоло низ бехабаранд. Аз ин бармеояд, ки:

Ба саг нон додаму саг моилам шуд,

Нигаҳбони тамоми манзилам шуд.

Бубин фарқияти инсону ҳайвон,

Ба инсон некӣ кардам қотилам шуд.

Ф.Воҳидов

Add comment


Security code
Refresh