Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Инсон бидуни садоқат ба Ватан дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро аҳли маърифат бо меҳри модар дар як саф гузоштаанд. Агар модар инсонро ба олам оварда, тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷалб намояд, Ватан рӯҳия ва камолоти инсонро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро бар он зам менамояд.

Ҳар инсон, хусусан ҷавонон бояд барои дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо ӯҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге ҳам дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки Ислом чунин аст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст».

 Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан миҷа таҳ накарда, хидмат мекунад».

 Ватандӯсти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад.

Моро зарур аст, ки ба қадри меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради волояшон дар кишвари мо сулҳу суботро таъмин намуданд, бирасем. Ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез нагардем.

 Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои худ аз дини Ислом сӯиистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ кайҳо мушоҳида намудаем.

Дар асл ҳам иғвоангезон ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ созанд, аммо бадхоҳу душман ҳаргиз ба мақсад нарасидаасту оқибат бадном гардидааст.

 Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чӣ дар хона, чӣ дар сарҳад мебошад. Фарзандони худро бояд дар ҳамин рӯҳия, дар арҷ гузоштан ба ҳуввияти Ватан тарбия намоем. Садоқати баланди ватандӯстиро дар ниҳоди онҳо бипарварем.

Абдулазиз ШУКУРОВ

Add comment


Security code
Refresh