Ношукрӣ ояндаро норавшан мекунад!

Фаъолияти ҳар як ҳизби сиёсӣ бояд ба нафъи давлату миллат равона гардад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намоянд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.

Ватани азизамон - Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолиаш, озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расиданд. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки дар қаламрави он ба Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати фаъолияти озодона дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро ба ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, самти корашро то имрӯз дигар накардааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намояд. Мутаассифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома доданд ва имрӯз низ давом дода истодаанд.

Дар ин замина иддае аз гумроҳон ва нохалафони наҳзатӣ, бо супориш ва ҳидоятҳои хоҷагони хориҷиашон амал намуда, пешрафту шукуфоии Ватанамонро дида наметавонанд. Ин нохалафон нақшаву ниятҳои нопок дошта, рисолаташон харобкориву даҳшатафканӣ ва бадномкунии дини мубини Ислом аст. Аз табори чунин нохалафон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбӣ роҳашон номуайян буд ва нақшаву нияти ғаразнок доштанд. Онҳо ҳамчун бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ амал намуда, аз хати кашидаи онҳо берун намераванд. Барои эҳтироми хоҷагонашон, ҳатто, аз баҳри падару модар, аҳлу пайвандон, зану фарзанд ва азизтарин инсонҳо мебароянд.

Сарварон ва аъзои ин ҳизби мамнӯъ тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба бадномкунии миллат задаанд. Аз рафтори онон аён мегардад, ки роҳи ояндаашон норавшан аст.

Мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди ақидаҳои ифротгаронаи ҳизбу созмонҳои иртиҷоӣ муборизаро ҷоннок намоем.

Д. ХОҶАЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh