ТАЪСИРИ ХАТАРНОКИ РАВИЯҲОИ ИФРОТГАРОӢ БА ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин таъкид намуданд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитики ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди  давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд, тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад, пояҳои давлатро заиф гардониданд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низоми вобастагии мустақим дорад».

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъиятӣ аввалин маротиба солҳои 1798-1820  бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар  мамлакатҳои Фаронса, Италия, Ирландия, Македония, Сербия, Испания ва якқатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охирҳои қарни ХIХ рост меояд. Барои таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгўи гузаштаи ин раванди номатлуб нест. Балки омилу сабабҳои пайдоиши ин зуҳуроти номатлубро пайгирӣ менамоем. Марҳилаи нави терроризм аз солҳои   60 – уми асри гузашта сар шудааст, онро бо истилоҳи «терроризм»-и сиёсӣ ном мебаранд. Маҳз аз ҳамин вақт сар карда, ба терроризм ва экстремизм тобиши сиёсӣ дода шуд.

Амалҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ба ифротӣ ба таърихи мо бегона нест. Зеро солҳои 90 – ум ба сари миллати мо рӯзҳои мудҳиш фаро расид. Гурӯҳҳои ифротӣ дар зери ниқоби дин, тавонистанд мардуми тоҷикро ба ҷанги дохилӣ дароранд. Дар сари он муллоёни чаласаводи наҳзатӣ ва роҳбарони ҲНИТ меистоданд. Дар натиҷа дар мамлакат ҳолати бенизомӣ сар зад. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилоти сиёсию террористӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намудаанд. Онҳо пеш аз ҳама аҳолиро дар масҷиду мадрасаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ақидаҳои ифротии худ ҷалб менамуданд. Албатта, дар шароити номуайян мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд, ки барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракати нав таъсиси ҳамон вақта бо баҳонаи ҳифз кардани  дин ва аҳли тақво аз ташкилоту созмонҳои бузурги хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат менамуданд.   

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар вуҷуд надоштани ваъзи назорати қатъии  бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, аз он бароварда расонид, ки онҳо ба ўҳдаи яроқу аслиҳа ба гурўҳҳои гуногун ва созгор кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беназорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурўҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Ҳамаи инҳо ба он оварда расониданд, ки дар ҷумҳурӣ яку якбора гурўҳҳои террористиву экстремистии яроқнок пайдо шуда, бо мақсади дигар кардани сохти давлатдорӣ фаъолияти худро оғоз намуданд.

Бо мақсади решакан намудани  амалҳои ифротгароӣ соли 1999 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ба танзим даровард. Дар қонун омадааст, ки терроризм – яъне зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур карданд ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол,  ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гунонуни иҷтимоии ҷаҳони муосир яке хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда, ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср ба тамоми минтақаҳо таъсир расонида, ягон давлат ё мамлакате аз он дар канор монда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ - экстремистӣ пеш аз ҳама нодуруст фаҳмидани аҳкоми шариат аст. Аҳкоми шариатро дар доираҳои муайян ба тарзи ба худ маъқулу мақбул маънидод мекунанд. Дар ин роҳ  наврасону ҷавонон таълиму тарбия медиҳанд. Мактабҳои ғайрирасмии динии худро боз намуда, тарбиятгирандагони худро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд. Ҳамин омил боис гардид, ки аксари ҷавонону наврасони дар мактабҳои динии дар хориҷ ва дохил таълим гирифта, гирифтори дарди бедавои ифротӣ гаштанд. Мактабҳои динӣ макони ифроттайёркунӣ гардид. Аз ҷумла сокинони мамлакати мо, ки дар кишварҳои арабӣ дар ва мамлакатҳои исломӣ таълимоти динӣ гирифтаанд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавӣ ва ғайримазҳабӣ,  аз ҷумлаи «Ваҳҳобия», «Салафия» оғоз намуда, тадриҷан сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ ва бекор зиёд менамоняд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳои ба монанди таъсири манфии сабтҳои таҳсил фарогирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмўъ иҷро нагардидани ўҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замима гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм  хусусияти байналмиллалӣ дошта, барои ингуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ,  миллат ва дин,  муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он, ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва тарбия дар муасисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидои миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур боз ҳам бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро дар замири хонандагону донишҷӯён нисбати терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ТЭТ ҲНИТ бедор намоянд.

Ташкил намудани вохуриҳо  бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зиёд ба роҳ монда шуда, симои аслии ифротгароён фош карда шавад.  Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту ватанпарвар ва шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.    

Раҳматуллоева Р.Р.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh