НАҚШАҲОИ «СОЗАНДА» ВА ПАСИПАРДАГИИ ТЭТ ҲНИТ

ТЭТ ҲНИТ аз рӯзи пайдоиши худ то ба имрӯз худро ҳамчун ҳизби ифротиву иртиҷоӣ нишон додааст. Аз ҷониби аъзоёну пайравони ин ҳизби ҷиноӣ баҳри рушди афкори ифротӣ дар ҷомеа тамоми қувваи худро равона намудаанд. Дар ин роҳ онҳо ба хоҷагони  хориҷии худ рӯй меоваранд, то ки аз онҳо баҳри амалӣ намудани “нақшаҳои созандаи худ” маблағҳои ҳангуфт бигиранд.

Дар Оинномаву барномаи ҳизби наҳзат аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ дарҷ гардидааст. Лек кору пайкори пайравону роҳбарони ҲНИТ бар муқобили оинномаи худ амал мекунанд.

Мисоли равшани онро, мо то баста шудани ин ҳизб аз ҷониби аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз қабили газетаи ҳизбии худ “Наҷот” ва сомонаи расмии худ “nahzat.оrg ”  норозигию иғво ва кинаю адоват барангехтанд. Амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид менамуд. 

Аъзоёни ҲНИТ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии “Ҷамъияти Ансоруллоҳ” таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси “Мулло Абдулло” соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон додаанд.

Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии “Ҳизби исломии Туркистон” Қаюмов Абдуфатто ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барнагехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон - роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзоёни Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Хайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ “Баҳористон”, Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад бо сарлавҳаи “Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!”, дарёфт карда шуд.

Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: “Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед”.

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими “золимонаю бедин” муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад. Зиёда аз 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ “Хлебзавод”, воқеъ дар  ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати тамғаи АК, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ, силоҳи тамғаи СВД ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурўҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 адад силоҳи оташфишони АК тамғаҳои гуногун, 9 адад гранатомёт, 5 адад СВД ва 8 адад силоҳи оташфишони РПК-ро тасарруф намудаанд.

Мақсади асосии ТЭТ ҲНИТ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад. Пешвоён ва аъзоёни ҲНИТ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон несту нобуд намоянд.

Хушбахтона, тири онҳо хок хӯрд. Нақшаву ниятҳои разилонаи ТЭТ ҲНИТ ҷомаи амал напӯшид ва роҳбарону фаъолони ватанфурӯши наҳзатӣ ба чанд пули ҳароми хоҷагони худ имону виҷдони худро фурӯхтанд. Имрӯз онҳо дар хориҷи мамлакат пулҳои гирифтаи худро барҳаво сарф намуда истодаанд. Баҳри пул аз Ватан, модар, миллат ва дини худ даст кашиданд. Лек онҳо ин суханҳоро инкор мекунанд. Худро мисли “мусичаи бегуноҳ” вонамуд карда, тамоми гуноҳи худро бар сари давлату ҳукумат бор мекунанд. Аммо офтобро бо доман пинҳон карда намешавад. Маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИТ ифротӣ буд ва ифротӣ боқӣ мондааст. Онҳо ислоҳ нашудаанд ва агар роҳи худро идома диҳанд, ҳеҷгоҳ ислоҳ намешаванд.

Мамадов С.В.
устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh