Бо ифротгароӣ мубориза бояд бурд!

Нафаре, ки илму дониш дорад, ин сарваташ ӯро аз ҳаводиси бади рӯзгор эмин нигоҳ медорад. Ҷавононе, ки аз асли дини Ислом ноогоҳанд, ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фирефта мегарданд, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф намуда, худ ва даҳҳо нафарро ба гирдоби раҳгумӣ меандозанд.

Аз расонаҳои иттилоотӣ бохабар ҳастем, ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонони мо аз бефаҳмию зудбоварӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд, ки инҳо натиҷаи надоштани саводи кофӣ, бемасъулият будани падару модар дар таълиму тарбия ва амсоли инҳо мебошанд.

Имрӯз бархе ҳамватанони мо, ки ба кишварҳои хориҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё таҳсили илм рафтаанд, зуд ба доми фиребу найранги нафарони бадхоҳу бадкин афтода, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, ки боиси бадбахтии худ ва аҳли хонавода мегарданд. Нафаре, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешавад ва барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистиву террористӣ саҳм мегузорад, хиёнаткор аст. Барои пешгирии чунин ҳолатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш дода буданд, ки шахсони ғайриқонунӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафта бозгардонида шаванд.

Дар муассисаҳои таълимӣ кори созмонҳои тарбиявиро хуб ба роҳ монда, ҷалби ҷавонон ба маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ боиси мусаллаҳии хонандагон бо илму дониши кофӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мегардад. Бешак, чунин амалҳои нек заминаи бузурги мубориза бо ифротгароӣ мебошад.

Ш.Файзуллоева,
омӯзгори МТМУ № 3, шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh