Мардуми тоҷик дигар ба дасисаҳо дода намешавад!

Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизбҳо бояд ба нафъи давлату миллат равона гашта бошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ашхосе бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намоянд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд, на ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки дар қаламрави он ба ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати фаъолияти озодона дода шуд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро танҳо ба хотири ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самтро то имрӯз дигар накардааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намояд. Мутаассифона, онҳо амалҳои иғвогаронаи худро имрӯз низ идома медиҳанд.

Сокинони мамлакат тавассути шабакаҳои телевизионӣ амалҳои ғайриинсонии баъзе аъзои ҲНИТ-ро бо чашми сар диданд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин ҳама барои бадном намудани ҲНИТ роҳандозӣ мешавад. Баръакс, он наворҳо маҳз, бо хоҳиш ва талаби мардуми аз дасти аъзои ин ҳизб ҷабрдида пешкаши тамошобин гардидаанд. Агар мақсади роҳбарияти ҳизб таҳкими сулҳу субот ва тарбияи дурусти ҷавонон бошад, пас чаро баъд аз намоиши наворҳо аъзои гунаҳгори худро ҷазо надоданд ва ё аз узвияти ҳизб хориҷ нанамуданд?

Ҳангоми таҳлили таърихи фаъолияти ҳизб мушаххас мегардад, ки он чандин марҳалаи начандон дури таърихиро паси сар кардааст. Ба гуфти худи сарваронаш замоне, ки ҳизбашон таъсис ёфт, ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ салтанат дошт.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Қуръон” бо забони тоҷикӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр гардид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат маносики Ҳаҷро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои Макка, Мадина ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон ягон мушкилӣ надорад.

Дар баробари ба даст омадани истиқлолият муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани ҳизбе, ки гӯё ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон мубориза мебарад, умуман зарурат надорад. Агар воқеаҳо ва хатарҳои муосири минтақа ва ҷаҳонро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ-таассубӣ, воқеан, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро амалӣ кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломианд. Ҳизбҳои динӣ аз эҳсосот ва боварҳову эътиқодоти динии мардум хеле хуб истифода карда, ононро ба роҳгумӣ мекашанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи наҳзати ислом чанд сол пеш дар фазои озоди кишвар фаъолияти густурда дошт, вале сарваронаш аз ин имконоти мавҷуда истифода намуда, таври пинҳонӣ амалҳои ҷиноятии худро пеш мебурдаанд. Имрӯз аз рафтору кирдори онон аён шуда истодааст, ки мехоҳанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд. Аз кирдорҳои ноҷавонмардонаи роҳбарияти ҳизб огоҳ гашта, шаҳрвандоне, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба ин ҳизб бовар доштанд, бо хоҳиши худ аз аъзогии он даст кашиданд. Маҳз, иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатъи фаъолияти ғайриқонунии он аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ худ аз худ аз фаъолият бозмонад.

С.Мамадов,
устоди Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
 сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh