Дидбонгоҳи нави сарҳадӣ

Дар қисми сарҳадии 0214, деҳаи Муряки ноҳияи Деваштич дидбонгоҳи нави сарҳадӣ сохта, ба истифода дода шуд. Он яке аз ҷузъҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои сарҳадчиён боз як шароити хуби хизматӣ фароҳам гардид. Дар маросими ба истифода додани бино Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Хушқадам Қадамов иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода баён намуд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол пеш дар назди қисми сарҳадӣ биноҳои дуошёнаи хуштарҳу замонавии истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд. Кушода шудани дидбонгоҳи нав таҷассуми диққату эътибори ҳамешагии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба марзбонон мебошад.

Бинои нав бо маблағи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат бунёд гардида, ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза аст. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фаррухрӯз»-и ноҳияи Мастчоҳ ва ҶДММ «Эъҷозкор»-и шаҳри Хуҷанд анҷом додаанд.

Генерал - лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия П.Кенҷаев, раиси Ҷамоати деҳоти Росровут Р.Шарифзода сипосномаи Фармондеҳи ҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Равшаной Маъмурова нишони сарисинагии «Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ»-ро супорид.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh